83138 2-40-07

Роҳбар бояд чӣ гуна бошад?

Норак: Андеша  

Ба вазифаи роҳбарӣ дар ҳама соҳаҳо бояд кадрҳое таъин гарданд, ки онҳо дониш, маҳорат ва қобилияту истеъдоди роҳбарӣ дошта бошанд, кори соҳаро дар ҳамаи зинаҳои он хуб донанд, аз рўи «методологияи ихтироъкардаи худашон» ба нафъи худашон кор накунанд, нисбат ба зердастон дағалӣ накунанд, ба суханони бардурўғи хабаркашҳо гўш надиҳанд ва ба пешрафти кори соҳа мусоидат намоянд. Пас барои роҳбари босаводу бомаърифат, кордону боистеъдод шудан кадом хислатҳоро доштан зарур аст:
1.Роҳбар бояд босавод, ботаҷриба ва кордон бошад. Маълумоти ў бояд ба соҳае, ки роҳбарӣ менамояд мувофиқат намояд. Дониши хуби назариявию амалӣ ва таҷрибаи кофӣ доир ба вазифааш дошта бошад. Ҳамчун шахси босаводу кордон дар коллектив обруи хоса дошта бошад. Дар ошкор намудани камбудиҳои ҷойдошта ва ислоҳи онҳо, ҳалли проблемаҳо ва беҳтар намудани кори соҳа қобилияти хуби кордонию роҳбарӣ дошта бошад. Роҳбар бояд пеш аз ҳама нозукиҳои касби худро хуб донад ва мунтазам савияи дониши худро баланд бардорад. Роҳбаре ки нисбат ба зердастонаш дониши хуби назариявию амалӣ надорад, соҳиби обрў ва иззату эҳтироми коллектив намегардад. Бинобар ин роҳбар бояд ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳо ва фармонҳои соҳавиро мунтазам азхуд намуда, талаботҳои онҳоро дар хотир дошта бошад. Ў бояд доимо рўзномаю маҷаллаҳои ҷумҳуриявиро мутолиа намуда, аз рўйдодҳои ҳаррўза ва сиёсати дохилию берунии давлату ҳукумат бохабар бошад.
2. Роҳбар бояд навовар ва эҷодкор бошад. Менеҷмент, инноватсия, мотиватсия, мониторинг ва шаклу усулҳои замонавии самарабахши идоракуниро хуб донадва коллективро ба навоварию эҷодкорӣ ҳидоят намуда тавонад.
3. Роҳбар бояд маҳалгаро набошад. Баръакс бояд «команда» - и худро аз ҳисоби кадрҳои босаводу кордон ва эҷодкору лаёқатманд новобаста аз маҳал ҷо ба ҷо намояд. Роҳбар бояд мисли дирижёре, ки навозандаҳои беҳтаринро бо мақсади эҷод намудани мусиқии хуб ҷамъ меорад, амал намояд. Агар навозандаҳо қобилияти хуби навозандагӣ дошта бошанд, он гоҳ барои эљод намудани мусиқии хуб ба дирижёр ҳам осон мегардад.
4.Роҳбар бояд серталаб ва ҷиддӣ бошад, аммо дағал набошад, ба зердастон суханони қабеҳ ва дилсардона нагўяд. Ў бояд мўҳлати супоришҳои додаашро мунтазам назорат намуда, иҷрои онҳоро саривақт талаб намояд ва дар мавриди иҷро нагардидан нисбати шахсони мутасаддӣ чораҳои зарурӣ андешад. Ҳангоми қабули шаҳрвандон бомаърифатона тоқати гўш кардани арзу шикоят ва дархости онҳоро дошта бошад. Агар дар баъзе ҳолатҳо масъалае, ки бо он шаҳрванд муроҷиат менамояд, имконияти ҳалли он набошад, роҳбар бояд шаҳрвандро бо суханони хуб ва аз нуқтаи назар қонун асоснок фаҳмонад.
5. Роҳбар бояд «агент» надошта бошад, зеро роҳбари босаводу бомаърифат ва ботаҷриба ҳама чизро худаш ҳаматарафа санҷида, таҳлил намуда, хулосаи дуруст мебарорад, вале ба гапҳои бардурўғи ашхосе, ки дигаронро сиёҳ карданӣ мешаванд, гўш намедиҳад. Агар роҳбар дар чунин ҳолатҳо фирефтаи гапҳои бардурўғ шуда, хулосаҳои беасос барорад, онгоҳ чунин рафтори нодурусти он боиси дилсардӣ ва аз кор рафтани чанд нафар кормандон мегардад.
6. Роҳбар бояд кинагир набошад. Ў бояд фаромўш накунад, ки падар ба фарзандаш барои содир намудани гуноҳ ҷазо медиҳад, аммо ҳеҷ гоҳ бадбинӣ ва кинагирӣ намекунад. Ҳамин тавр роҳбар чун сарвари оила бояд коллективро ба гуруҳҳои дўст медоштагӣ ва дўст намедоштагиҳо ҷудо накунад, иҷрои вазифҳои хизматиро аз онҳо талаб намуда, ба гунаҳгорон ҷазои сазовор диҳад, вале кинагир набошад.
7. Роҳбар бояд маданияти баланди суханварӣ ва либоспўшӣ дошта бошад. Ў бояд бо забони адабии тоҷикӣ хуб ҳарф зада тавонад. Барои он ки нутқи роҳбар буррою инкишофёфта бошад, бояд адабиётҳои бадеӣ ва рўзномаю маҷаллаҳоро бештар хонад, каме ҳам бошад аз ашъори шоирони классик бохабар бошад. Мардум одатан ба роҳбар чун ба оина нигоҳ мекунанд. Оина бояд ҳама вақт тоза бошад, то ин ки дар он дигарон акси худро бинанд. Шиори ҳар лаҳзаинаи роҳбар бояд «гуфтори нек, рафтори нек ва пиндори нек» бошад.
8. Роҳбар бояд дар коллектив муҳити ошкорбаёнӣ, озодандешӣ, ёрии байни ҳамдигарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, дўстию рафоқат, қабули коллегиалии қарорҳои қабулшуда ва муҳити хуби психологиро муҳаё созад. Танҳо дар чунин ҳолат роҳбар ҳам дар коллектив ва ҳам дар маҳаллаҳои ноҳияю шаҳр лидер шуда метавонад. Боварии мардум нисбат ба чунин роҳбари босаводу кордон, бомаърифату ғамхор, эҷодкору дурандешва обрўманд рўз аз рўз зиёд мегардад. Чунин роҳбарон оммаи мардумро барои ҳалли дилхоҳ проблемаи ҷойдошта сафарбар карда метавонанд. Имрўзҳо маҳз чунин роҳбарони болаёқат дар ҳамаи соҳаҳо зарур мебошанд. Танҳо чунин роҳбарон метавонанд дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, мухтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти иҷрои корҳои созандагию ободкорӣ, хизмати содиқона ба халқу Ватан амалӣ намоянд.

Вайсиддин Зайниддинов – муовини директори филиали МҒТ – Коллеҷи тиббии иҷтимоии шаҳри Левакант дар шаҳри Норак, аъзои фаъоли ҲХДТ