83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ЗЕРИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва дар асоси барқияи телефонӣ аз 06 марти соли 2024, №1/2-08 бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо бо баргузории аксияи ҳизбӣ зери унвони "ҲХДТ- ҳизби созандаву бунёдкор" санаи 28-уми  марти соли 2024 дар якҷоягӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ворисони Сино” ва “Ваҳдат" аксияи тозагӣ доир гардид.

Бояд қайд намуд, ки мо ҳама мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоем.

Бо ин мақсад Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар нақша гирифтааст, ки ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе дар тамоми ҳудуди шаҳр бо ҷалби аъзоёни ҳизб, аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" ва дигар кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чунин иқдомҳоро баргузор намоянд.

Ҳамчунин муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Гулмуродзода Қумриниссо бо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан бо занону бонувони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ваҳдат” ва сокинони биноҳои истиқоматии шаҳр мулоқот намуд.

Зимни вохӯрӣ дар бораи моҳияти эълон шудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ - экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ баромад карданд.

Зикр гардид, ки хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, шабакаҳои интернетӣ, вобаста ба авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳон масъалаҳои мубрами рӯз гардида, барои пешгирӣ ва ҳаллу фасли он ҳар як сокини кишвар саҳмгузор бошанд ва ба бетарафӣ роҳ надиҳанд .

Таъкид гардид, ки имрӯз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мақому манзалати занону бонувон дар ҷомеа муассир аст. Бинобар ин занону модаронро зарур аст, ки талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро  риоя намуда, барои тарбияи фарзандон масъулияти бештаре дошта бошанд.