83138 2-40-07

ЯК СОАТ БО КИТОБ

Норак: Созандагони ватан  

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, маҳзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса ойинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба востаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат иҷтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Дар асоси нақша чорабинии бахши намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 29 феврали соли 2024 бо ҷалби волонтёрони ҳизбӣ ва  аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо мақсади фаро гирифтани наврасон ва ҷавонон дар китобхонаи марказии шаҳри Норак  баҳри сайқали дониши худ, баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ, барои мутолеаи китобҳои гуногуни бадеӣ ба китобхонӣ машғул шуданд.

Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Боев Умедҷон қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуданд, ки китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад.

Боиси қайд аст, ки китоб мушкилкушои ҳама мушкилоти ҳастӣ буда, касро ба қуллаи мурод мерасонад. Китоб ғизои маънавӣ ва оромибахши рўҳу равони инсон аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки: «Ганҷ магир, китоб гир».