83138 2-40-07

Зиҳӣ, Ватанам Тоҷикистон

Норак: Андеша  

Дар васфи Ватану ватандорӣ сухан гуфтан бароямон хеле гуворост, барои он ки дар кишвари ободу зебо, табиаташ биҳиштосо умр ба сар мебарем. Шукрона аз он мекунем, ки дар давлати соҳибистиқлол кору зиндагӣ дорему барои халқу Ватан хизмат менамоем. Ин рўзи таърихи ҳар сол 23-феврал бо шукуҳи шаҳомати хос таҷлил мешавад.

18-декабри соли 1992, Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қарор ба имзо расонд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз сохторҳои низоми кишвар буда, фаъолияташро баҳри ҳимояи Истиқлолият, амният, марзу буми мамлакат ва ҳаёти осоиштаи мардум равона намудааст. Пешвои муаззами миллат дар баромадҳои худ доим таъкид мекунанд, ки “Хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ бояд пеш аз ҳама дорои ҳисси баланди ватандўстӣ, интизоми қатъӣ, маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ бошанд.Чунки Артиш симои миллат ва бақои умри давлат аст. Интизоми оҳанин нишондиҳандаи беҳтарини ҳайати шахсии артиш ва шарти аввалини обрўи он аст.”Гуфтаҳои Сарвари муаззами кишвар барои насли ҷавон намунаи ибрат ва дарси одамият мебошад. Артиши миллӣ аз рўзҳои таъсисёбиаш барои ҳифзи давлати мустақили мо баҳри пойдории сулҳу оромӣ, тинҷию осоиштагӣ, ваҳдату ягонагӣ ва ободию сарсабзии Ватани маҳбубамон ҳамеша омода буд. Артиш ин такягохи давлат ва сипари миллат аст.

Боиси қайд аст, ки имрўзҳо ҷавонони шуҷоъу далер, бо нангу номус баҳри ҳимояи марзу буми Ватан чун сипар, монеъи ҳамлаи хар гуна душманони миллат ҳастанд. Бо сари баланд, виҷдони пок омода ҳастанд,ки шабурўз чун афсари диловару шуҷоъ ватанро ҳифз намоянд. Зеро, ки дўст доштани Ватан аз гўшаи имондорист.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки ҷавонон ва сарбозонро дар рўҳияи ватандўстиву ватанпарастӣ, садоқат ба ватан ва савганди ҳарбӣ, хушёриву зиракии сиёсӣ ва дўстиву рафоқат тарбия намоем.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминони комил иброз доштанд, ки мо ба Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон эътимоди комил дорем ва медонем, ки онҳо минбаъд низ Истиқлолияту озодии Тоҷикистони маҳбубамон, амнияти давлат ва суботу оромии мардуми моро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя мекунанд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, санаи мубораку фархунда ва таърихии миллати тоҷик, ҷашни родмардони далеру шуҷои Ватан, посдорони марзу буми Тоҷикистони азиз, фарзандони асили миллат, ҳамаи Шумо афсарону сарбозони далеру шуҷоъи Ватанро бо ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта бароятон сарбаландию хонаободӣ тамонно дорем.

Собирова Комила –аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак