83138 2-40-07

БАҲРИ ИН ВАТАН ҶОН МЕСУПОРАМ МАН!

Норак: Андеша  

Ватанпарварӣ маънои танҳо ба Ватан меҳр монданро надорад. Он як ҳисси бузург аст. Ин маънои онро дорад, ки худро як ҷузъи Ватан донӣ,  дар рӯзҳои неку бадаш бо он бошӣ.

                                                                                                                                                                       А. Толстой

Бузургтарин рисолати модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони нобиғаву хирадманд, ватандӯст, ватанпараст, бонангу номус, далеру шуҷоъи озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда буд ва ҳаст.

Имрӯз аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31-сол пур шуд. Дар ин муддати нисбатан кӯтоҳ сохторҳои он ба нерӯи қудратманди низоми муҳофизи сулҳу суббот ва фазои орому осудаи мамлакат тавлид ёфта, ҳоло ба ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунад.

                  Ватан бошад барои ман чу модар,

                  Куҷо ганҷе ба ӯ  бошад баробар.

                  Дил оташ мекунам андар вафояш

                  Тан оҳан мекунам адар дифояш.

Барои ободиву оромӣ, ҳифзу нигаҳбони он сарбозони Ватан, ҳомиёни марзу буми кишвар ҷонфидоиву хидмати бузург менамоянд.      Бале, сарбозони шуҷои Ватан, афсарону аскарони далери Артиши миллӣ, ки имрӯз онҳо ҷашн доранд, ҷашни садоқат бар Ватан, ҷашни фархундаву хуҷаста!

Аз ин лиҳоз, ҳамаи Шумо – собиқадорони Вазорати мудофиа, афсарону сарбозон, бонувони матиниродаи Артиш, ҳомиёни шуҷои Ватанро бо 31-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон тандурустиву сарбаландӣ ва дар роҳи хидмат ба Ватан-Модар комёбиву ҷасорат хоҳонем.

Пирова Рачабмоҳ –аъзои  фаъоли  ҲХДТ  дар  шаҳри  Норак