83138 2-40-07

Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари боэътимоди Ватан

Норак: Андеша  

Баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти ташкил намудани Артиши миллӣ ба миён омад, зеро акнун ҳимояи марзу бум, шарафу номус ва музаффариятҳои Тоҷикистони соҳибихтиёр ба дасти фарзандони бонангу номусаш афтода буд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расонида шуд, ки он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Бори нахуст 23-юми феврали соли 1993 дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, вазифаҳои муқаддасу пуршарафи худро вобаста ба ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории аркони давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардуми шарифи кишвар сарбаландона иҷро карда истодаанд.

Ҳанӯз аз марҳилаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, Ҳукумати мамлакат ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд.

Артиши миллӣ бо вуҷуди надоштани заминаи моддию техникии пуриқтидор дар солҳои душвори муқовиматҳои дохилӣ таҷриба андӯхта, дарси ҷангию муҳорибавиро ҳамаҷониба омӯхт. Баъд аз андешидани тадбирҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ марҳила ба марҳила устувору қавитар гардида, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин шуд ва ба нерӯи пуриқтидори дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфт.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову монеаҳои дар пеши роҳбударо бартараф намуд ва давра ба давра шакл гирифта муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид.

Заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоии шермардони миллати сарбаланди тоҷик буд, ки сулҳу субот ва тинҷию амонӣ дар Ватанамон танинандоз аст. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як фарди банангу номуси кишвар аст, ки масъалаи ҳифзи марзу буми Ватан, давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро бартару болотар аз ҳама арзишҳо гузорем.

               Сафарзода Аслия –вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак