83138 2-40-07

Маърифати ҳуқуқии худро баланд бардорем.

Норак: Андеша  

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба мақомоти олии қонунгузори мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон дар шароити торафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, “ҷанги сард”, таҳдиду хатарҳои муосир- терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ва мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир пешниҳод  гардид. Бинобар ин, масъалаи ҳифзи истиқлолияти миллӣ, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан, дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ соли 2024 - ро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд. Ҳадаф дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Бояд тазаккур дод, ки имрӯз маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар дараҷаи начандон хуб қарор дорад, ки ин албатта монеи рушди ҷомеа мегардад. Пешрафти давлатҳои абарқудрат аз пешрафт ва маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандони он далолат мекунад. Эълони шудани соли 2024-Соли маърифати ҳуқуқӣ дар баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии шаҳрвандон заминаи хубе мегузорад. Фаромӯш набояд кард, ки  олими Юнон Ситсерон гуфта буд, агар хоҳӣ озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош. Ин гуфтаҳо маънои онро дорад, ки мо бояд новобаста аз мансаб ва эътиқоди динӣ бояд эҳтироми санаду меъёрҳои ҳуқуқиро дар мадди аввал гузорем. Вақте сухан дар бораи як инсони комил, худшинос ва ватандӯст меравад, бояд маърифати ҳуқуқии баланд дошта бошад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи давлати худро ба пуррагӣ донад ва ҳар тағйиру иловаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меояд, ба пуррагӣ аз худ кунад. Ҳар инсоне, ки дар доираи қонун амал мекунад, ба хато роҳ намедиҳад. Тибқи қонунгузорӣ надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.

        Мо, шаҳрвандони кишвар, алалхусус ҷавонону наврасон, ки неруи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, бояд аз маърифати ҳуқуқӣ бархӯрдор бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Бояд баҳри бехатарӣ ва амнияти кишвар саҳми арзандаи худро гузорем, он гоҳ ҳеҷ гуна гурӯҳҳои тундрав наметавонанд ҷавонони моро гумроҳ кунанд. Мусаллам, аст, ки  ҳар гуна қонуншиканӣ ва содир кардани ҷиноят дар ҷомеаи мо аз паст будани сатҳи донишҳои ҳуқуқӣ ва надонистани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон сарчашма мегирад. Барои ривоҷ ёфтани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мо бояд дар тамоми муассисаҳои таълимии шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ҳуқуқиро бо иштироки шахсиятҳои маъруф ва ҳуқуқшиносони варзида роҳандозӣ намоем. Танҳо бо ин роҳ мо метавонем, сатҳи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро боз ҳам баландтар бардорем.

   Сафарзода Аслия –вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак