83138 2-40-07

ФАРДОИ ДУРАХШОНРО АЗ ПАЁМ ҶӮЁ ШАВЕД!

Норак: Андеша  

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро пешкаши аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоян-дагон менамоянд.

Санаи 28.12.2023 Пешвои миллат, дар Паёми хеш иброз намуд, ки ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки дар қиёс ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Тайи солҳои охир таваҷҷуҳи аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии кишвар ва таъсиси ҷойҳои корӣ равона карда шуд.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида, сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Дар ду даҳсолаи охир сатҳи зиндагии мардуми кишвар тадриҷан беҳтар гардида, нишондиҳандаи сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999-ум то 62 банди фоизӣ дар соли 2023 паст карда шуд.

Баъди бо муваффақият амалӣ намудани барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат қисми даромади буҷети давлатӣ ҳар сол зиёд гардида, соли 2023 ҳаҷми он нисбат ба соли 2017-ум 1,6 баробар афзоиш ёфт.

Бо фароҳам омадани имконият, хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ тақвият дода шуда, хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ, равона карда шуд.

Дар ин давра танҳо ҷиҳати пардохти кумаки унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб, инчунин, ҷубронпулии яквақта ба шаҳрвандони аз фалокатҳо зарардида 2 милларду 70 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани иқтисо-диёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯйӣ менамояд.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида, шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Дар ин давра аз ҷониби соҳибкорони кишвар беш аз 2 ҳазор корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ бо 21 ҳазор ҷойи корӣ, 1380 иншооти соҳаи маориф, 1213 муассисаи тандурустӣ, 11,5 ҳазор километр роҳ ва 461 пул бунёду азнавсозӣ карда шуданд.

Танҳо дар соли 2023 соҳибкорони мамлакат 715 корхонаи нави истеҳ-солӣ бо 5 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода супориданд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст дар соҳаи маориф 117 иншоот барои беш аз 43 ҳазор хонанда бунёд гардида, дар соҳаи тандурустӣ сохтмону азнавсозии 139 иншоот анҷом дода шуд.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад. Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.

Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем. Яъне, мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум ҳамагӣ 23 сол пеш шуруъ кардем.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, мо солҳои 2022 – 2026-ро Солҳои рушди саноат эълон намудем.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст.

Бояд гуфт, ки солҳои охир рушди бомароми соҳаи энергетика ба раванди саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.

Он коргоҳу корхонаҳои энергиетикие, ки дар 75 соли замони гузашта сохта ба истифода дода шуда буд, муҳлати истифодаи аксари таҷҳизоти он қариб, ки фарсуда бекорхобида шуда буд, таъмиру навсозӣ карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои навсозӣ, яъне таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар, 85,7 миллиард сомонӣ равона карда шудааст.

Агар корҳои таъмиру навсозӣ ба роҳ монда намешуд, шояд имрӯз хусуссан дар ин давраи сармои фасли зимистон умуман бе барқ мемондем.

Дар ин давра танҳо барои азнавсозии неругоҳҳои барқи обии амалкунанда беш аз 11,3 миллиард сомонӣ равона гардида, Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» пурра таҷдид ва иқтидори он 30 мегаватт зиёд карда шуд.

Инчунин, таҷдиди неругоҳҳои «Норак» ва «Қайроққум» бомаром идома дошта, баъди ба анҷом расидани корҳо иқтидори онҳо, дар маҷмуъ, 423 мегаватт афзоиш меёбад.

Нуктаи муҳим ин аст, ки неругоҳҳои зикршуда баъди азнавсозӣ ба мардуми Тоҷикистон боз даҳсолаҳои дигар хизмат хоҳанд кард.

Оиди ин масъала аз ҷониби баъзе аз афроди аз таҳлилу баррасӣ ноогоҳ сару садоҳое зиёде шунида мешавад, ки сол то сол иқтидори энергетикӣ дар кишвар зиёд шуда истодааст, аммо лимит (муввақатан хомушкунии нерӯи барқ) аз байн намеравад.

Ба чунин нафарон гуфтаниям, ки пеш аз оне, ки сару садоҳои бемавриду носазоро дар байни мардум паҳн мекунеду ҳисси бадбинии мардумро нисбати аъзоёни ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ зиёд мегардонед, як бор дуруст таҳлил карда бароед, ки:

-даҳ сол пеш аҳолии мамлакат чӣ қадар буд ва айни ҳол чӣ қадар аст?

- даҳ сол пеш шумораи корхонаҳои истеҳсолӣ чӣ қадар буд ва айни ҳол чӣ қадар аст?

- даҳ сол пеш шумораи боғу гулгаштҳои истироҳатӣ бо лампаҳои фурӯзони замонавӣ чӣ қадар буд ва айни ҳол чӣ қадар аст?

- даҳ сол пеш шумораи сутунҳои равшанидиҳанда дар ҳар як кучаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо ва деҳот чӣ қадар буд ва айни ҳол чӣ қадар аст?

- даҳ сол пеш шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ, миёнаи умумӣ, миёна ва олии касбӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ чӣ қадар буд ва айни ҳол чӣ қадар аст?

Ва акнун бигӯед, ки оё онҳо бе нерӯи барқ фаъолият карда метавонанд! Фикр мекунам, танҳо ҳамин бандҳои дар боло овардашуда ба онҳо посӯхӣ дандоншикан аст.

Бояд дар мушкилоти ҷойдошта сабур ва шукргузор бошем ва дар солҳои наздиктарин ин мушкилот ба пурррагӣ аз байн хоҳад рафт.

Хотирасон менамоям, ки соли 2023 иқтидори энергетикии Тоҷикистон зиёда аз 6 ҳазор мегаватт ва истеҳсоли неруи барқ 22 миллиард киловатт – соатро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2017-ум 4,8 миллиард киловатт – соат ё 28 фоиз зиёд мебошад.

Инчунин Ҳукумати мамлакат тасмим гирифтааст, ки соли 2025 агрегати сеюми неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба истифода диҳад. Ва тибқи нақшаҳои дурнамо соли 2037 Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи «иқтисоди сабз» табдил меёбад.

Бунёди пулҳои хурду бузург ва мунфарш сохтани роҳҳои мошингард зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, танҳо дар соли 2023 зиёда аз 1000км роҳҳои мошингард ва 41 пул бунёд ва аз навсозӣ гардидааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалигардида ва заҳмати софдилонаи кишоварзон, сатҳи таъминнокии аҳолӣ бо маҳсулоти асосии ғизоӣ афзоиш ёфта, соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо назар ба соли 1991-ум 6 баробар, аз ҷумла гандум 5,6 ва шолӣ 6,7 баробар, картошка 10,8 баробар, сабзавот 9, полизӣ 17,5, меваҷот 10 ва ангур 2 баробар афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор 2 баробар (ҳоло шумораи он ба 2,6 миллион сар расидааст), чорвои майда 2 баробар (6,6 миллион сар) ва паранда 1,9 баробар (12,2 миллион сар) зиёд шудааст.

Воридоти гӯшт аз хориҷи кишвар сол ба сол кам гардида, аз 10,7 ҳазор тонна дар соли 2014 ба 144 тонна дар соли 2023 коҳиш ёфтааст.

Воридоти шир ниҳоят кам ба қайд гирифта шудааст. Яъне, ҳоло талаботи аҳолии мамлакат бо гӯшту шир пурра аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ таъмин шуда истодааст.

Бо ташаббусҳои созандаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат соли 2023 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар қишри ҷомеа ба соҳҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, чунин иброз намуд: “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.”

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағ-гузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии кишвар бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Дар соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад.

Танҳо дар давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасониҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҳкими иқтидори миллӣ барои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода дар соҳаи тандурустӣ лоиҳаи «Миллати солим», ки маблағи умумии он беш аз 630 миллион сомонӣ мебошад, амалӣ шуда истодааст. Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила боло рафта, имрӯзҳо занону бонувони тоҷик ба хотири рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Ҳоло дар муас-сисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёна ва олии касбӣ, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳазорҳо нафар духтарони боистеъдоди мо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ карда-ни омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.

Ҷавонони мо, ки насли замони истиқлол мебошанд, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар ҳимояи марзу буми Ватан, амнияти мардум ва давлати Тоҷикистон, сохтмонҳои бузурги аср, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пешрафти илму фарҳанг саҳми бисёр назаррас гузошта истодаанд.

Қобили зикр аст, ки танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Танҳо соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи бай-налмилалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.

Иштироки фаъолонаи ҷавонони мо ва пирӯзиҳои онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат менамояд.

Ба даст овардан ва ноил гаштан ба ин муваффақиятҳо ин аз як гиребон сар баровардан ва ба сиёсати пешгирифтаи сулҳҷуёнаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ кардан мебошад.

Дар натиҷаи фаъолияти пурсамари тамоми сокинони мамлакат ва ноил гаштан ба пешравиҳои назарас бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1-уми июли соли 2024 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо дар ҳаҷми 30 фоиз, аз 1-уми июли соли 2024 маоши вазифавии кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, вар-зиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, дигар ташкилотҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 40 фоиз, аз 1-уми январи соли 2024 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот 40 фоиз зиёд карда шавад.

Ҳамзамон бо ин, аз 1-уми июли соли 2024 ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 800 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ба ҳар як фарди ҷомеа тавсия медиҳам, ки барои бунёд сохтани ояндаи дурахшони худ новобаста аз рӯи касб, тахассус ва фаъолияти ҳаррӯза шарҳи пурраи Паёми навбатии Пешвои миллатро ҷӯё шавад ва онро дастраст намуда мутолиа намояд ва сармашқи кори худ қарор диҳад.

Саидшоҳи Сафархон – аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак