83138 2-40-07

Расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ

Норак: Андеша  

 

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми мавзӯъҳои муҳими ҳаёти сиёсиву ҷамъиятии мардуми кишварро дар бар гирифта, таҳлил ва дастуру супоришҳои дар он зикргардида роҳи ҷомеаро барои расидан ба ҳадафҳои минбаъдаи ватансозӣ равшан сохт.Тавре Пешвои миллат қайд намуданд, ки соҳаи саноат ва инноватсия яке аз манбаъҳои муҳимтарини рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб рафта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шавад.

Дар зарфи солҳои истиқлоли давлатӣ амалисозии нақшаву барномаҳои рушди соҳаи саноат имкон дод, ки дар кишвар беш аз 3 ҳазор корхонаи саноатӣ бо 54 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шавад.

Танҳо аз ҳисоби зиёд шудани иқтидорҳои саноатӣ дар замони истиқлол талабот ба неруи барқ беш аз 800 мегаватт зиёд гардид.

Дар 75 соли замони гузашта (то соли 1991) дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошт.

Танҳо пас аз барқарорсозии сулҳу субот ва роҳандозии фаъолияти бонизоми соҳаҳои фалаҷгардидаи ҳокимияти давлатӣ мо имконият пайдо кардем, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат машғул шавем.

Яъне мо ба рушди иқтисодии мамлакат аз соли 2000-ум – ҳамагӣ 23 сол пеш шурӯъ кардем.

Бо дарназардошти аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, солҳои 2022 – 2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намудем.

Ҷиҳати амалисозии ин иқдом тайи ду соли охир дар кишвар беш аз 1200 коргоҳу корхонаи нави истеҳсолӣ бо 11 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст.

Соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба соли 1992-юм 4,6 баробар афзоиш ёфта, ба зиёда аз 46 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Танҳо дар ҳафт соли охир ин нишондиҳанда 2,4 баробар зиёд гардидааст. Бо вуҷуди ин, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар як қатор масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили фарсудашавии таҷҳизот, сатҳи пасти рақобатнокии маҳсулот ва гуногунсамтии он, норасоии маблағҳои гардони корхонаҳо ва кадрҳои баландихтисос вуҷуд доранд гуфташуд дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Имрӯзҳо моро зарур аст, ки ҳадафу вазифаҳое, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ироа гардид, сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор дода, бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам беҳтар гардонем.

Назуруллоев Идибой- вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак