83138 2-40-07

МЕРОСИ ПОЯНДА

Норак: Андеша  

Вусъати сарсабзии мо аз Паём омад падид,

Лаҳни ширини сиёсатро чунин бояд шунид.

Якдилию якзабонӣ шаҳсутуну муттакост,

Зиндагиро баъд аз ин бо чашми дил бояд, ки дид.

Оре, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 23 декабри соли 2023 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, муждае буд аз аз сиёсати хирадмандона, дастгириву созандагӣ ва пос доштани ниёгону фарҳанги миллат баҳри Ватани азизу маҳбуб.

Яке аз масоили муҳими Паёми Пешвои миллат дар баромадашон изҳор намуданд, ин буд, ки тибқи маълумоти оморӣ соли 1989-ум ҳамагӣ 66 ҳазор нафар занону бонувон соҳиби маълумоти олӣ буданд, дар замони соҳибистиқлолӣ бошад, беш аз 256 ҳазор нафар духтарон соҳиби маълумоти олӣ гардида, танҳо соли 2023 беш аз 3000 нафар ҷавонони мо ғолиби озмуну олимпиадаҳои байналмиллаливу ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Иштироки фаъоли ҷавонони мо ва пирӯзии онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ, бешубҳа, ба болоравии обрӯи кишварамон мусоидат намуда, соли 2023 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ 343 медал, аз ҷумла 108 тилло, 76 нуқра ва 159 биринҷӣ ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2022-юм 226 медал зиёд мебошад.

Ҳамаи ин дастоварду комёбиҳо дар натиҷаи илм омӯхтану ба донишомӯзӣ рӯй овардани насли ҷавони кишвар мебошад. Яъне ба китоб рӯ овардан, дониш гирифтан ва онро мақсаднок истифода бурдан асоси пешравию муваффақиятҳост.

Ин аст, ки иқдоми пешгирифтаи олимону зиёиёни кишвар ҷиҳати китобхону китобдӯст намудани толибилмони мо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри адибони классику муосири тоҷику форс ба роҳ монда шудааст, ки саривақтӣ ва зарур аст.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба амалигардии барномаҳои гуногуни давлатӣ, бахусус роҳандозӣ гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат” ва “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” пайваста намоиши дастовардҳои илмӣ ва адабиёти тозанашр ба маъраз гузошта мешавад, ки ин алакай доираи китобдӯстонро дар байни худи донишҷӯёну омӯзгорон бамаротиб зиёд намудааст.

Бояд гуфт, ки тариқи тадбири мазкур хонандагон метавонанд дониш андӯхта, машъали дили хешро фурӯзон намоянд. Дониш нур аст, нодонӣ зулмот, бошад, ки нур бар зулмот ҳамеша ғолиб ояд.

Дуруст аст, ки ҳазорсолаҳо боз инҷониб олимону файласуфон донишҳои дар тӯли умрҳо андӯхтаи худро маҳз дар китобҳо сабт намудаанд ва онҳоро маҳфуз дошта, аксарияти онҳоро то замони мо оварда расонидаанд.

Дар миёни мардуми Итолиё масале вуҷуд дорад, ки чунин аст: “Шахси бекитоб, мисли подшоҳи бехазина аст” –ва ин масал ҳикмате дорад, беқиёс.

Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони ниёгони мо ба ғайр аз рафҳои пур аз китоб дар манзилҳои худ чизе надоштанд, аммо арзишмандтарин ҷиҳоз ва дороии худ китоб ва танҳо китобро медонистанд. Беҳтарин олитарин ҳарфу гуфтори хешро дар авроқҳо нигошта, саҳҳофӣ намуда, баҳри ояндагон мерос гузоштанд. Меросе, ки чун чашмаи зоянда ва давлати поянда аст. Дорандаи ин мерос агар хурд бошад, бузург шавад, агар бузург бошад, пас бузургтар.

Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз, Пушкин ва Шекспир кайҳо боз тарзи зисту зиндагонӣ, фарҳанги либоспӯшӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти онҳо дар қиёси зиндагии имрӯзаи мо рост намеояд, аммо суханони онҳо, андешаҳои онҳо гӯё ки имрӯз гуфта бошанд, тоза, ҷавон, зинда ва таъсирбахшу ҷовидонаанд.

     Бале сухан намиранда аст.

Ояндагон аз гузаштагон панд мегиранд, дониш меомӯзанд, ҳаёти хушу гуворои имрӯзаро месозанд. Мо низ замоне гузашт хоҳем шуд, пас имрӯз кӯшиш ба харҷ диҳем, то дониши амиқро ба даст оварда, баҳри ояндагон меросе аз худ боқӣ гузорем.

 

Наргис Ҳасанова –мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак