83138 2-40-07

МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ОҒОЗ ГАРДИД

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ баён доштанд, 2-юми феврал бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи наздисоҳилии дарёи Вахши шаҳри Норак мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.

Дар маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан , иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ, муовинони раиси шаҳр Азимода Шуҳрат, Маҳмадизода Хайриддин, Ҳакимзода Зуҳро, бахши кишоварз Носирзода Комил ва кормандони корхонаву муассисаҳо иштирок намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан , иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Норак Фирӯза Шарифӣ, сардори ШВКД-и шаҳри Норак Мирзозода Саидаҳрор ва Саидзода Баҳодур прокурори шаҳри Норак бо шинондани аввалин ниҳол ба ин маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

Ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон ба мо мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат, бахусус вилояти Хатлон, маъракаи ниҳолшинонӣ ҳамасола ба як иди сарсабзу хуррамгардонии ҳақиқӣ табдил ёфта, махсусан вобаста ба хурраму сердарахт гардонидани таллу теппаҳо мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.