83138 2-40-07

Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳост

Норак: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки рӯзи 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи худ ва фаъолияти Ҳукумати мамлакатро дар давоми як сол тахлилу баррасӣ намуда, барои солҳои минбаъда вазифаҳои мушаххас дар назди халқу ҳукумат гузошт.

Дар Паёми навбатӣ Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд гардид, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад.

Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад.

Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.

Соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст.

Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад, ки ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.

Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст,ки дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.

Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Аз ин рӯ, мо вакилон, омузгорон ва халқи шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро месазад, ки дар навбати худ сидқан заҳмат кашида, саҳми худро дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузорем.

Ғафурзода Фирӯз –вакили Маҷлиси вакилони халқ шаҳри Норак