83138 2-40-07

ПАЁМ – РОҲНАМО БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН!

Норак: Андеша  

Ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар Паёми хеш самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро пешкаши аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намоян-дагон менамоянд.

Ва имсол низ санаи 28.12.2023 Паёми навбатии хешро пешкаши аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон намуд, ки он фаъолияти солонаи аъзоёни ҳукумат, кумитаву идораҳо, вазорату сохторҳои қудратӣ ва нақшаҳои дурнамои ҳукумати мамлакатро фарогир буд.

Пешвои миллат, дар Паёми имсолаи хеш низ дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа ба соҳаи маориф диққати махсус зоҳир намуда, иброз намуд.

“Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.”

Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағ-гузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.

Хотирнишон менамоям, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.

Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.

Дар ин раванд, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ин суханони пур аз ҷаҳони маънии Пешвои миллат, мо омӯзгорони ҷавонро нисбати касби пешакардаамон дилгарму болидахотир ва сӯи фардои дурахшон ҳидоят менамояд ва дар баробари он моро вазифадор мекунад, баҳри баланд бардоштани дараҷаи тахасуснокии шогирдон ва омода намудани шогирдон ба олимпидаҳои фаннии сатҳи ҷумҳурӣ, байналмиллалӣ ва инчунин дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чораҳои мушаххас биандешем.

Зери таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат қарор гирифтани омӯзгорон беҳуда нест. Воқеъан ҳам омӯзгорон хушбахтарин нафарони рӯи оламанд, зеро онҳо бо як музди маоши андаке қаноат намуда, фарзандони халқро тарбия менамоянд, нозукиҳои касби худро ба онҳо меомӯзонанд, ҳамчун чароғи роҳнамо шогирдонро ба сӯи ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд. Хулас, бе ягон шакку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки омӯзгорон фидоии давлату миллатанд.

Омӯзгороне ҳастанд, ки соҳиби зану якчанд фарзанд мебошанд, лекин ҷойи зисти муайян ва ҳатто як порча замини барои бунёди манзили зист надоранд, аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот омӯзгорон ҳеҷ вақт дилсарду ноумед нестанд ва баръакс нафаронеро ба воя мерасонанд, ки дар тамоми қишрҳои ҷомеа дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамоянд. Дар тамоми ҷабҳаҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, техникӣ, камуналӣ ва кадом соҳае назар афканӣ натиҷаи заҳматҳои корӣ омӯзгор бараъло намоён аст.

Дар ин росто, Пешвои миллат хеле хуб ва бо маврид гуфтаанд: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии дили худро бедареғ ба фарзандони халқ медиҳад ва худро хушбахт мешуморад”.

Ман аз ҳамаи ҳамкасбони худ даъват ба амал меорам, ки нисбати ҳамин боварие, ки Пешвои миллат ба мо омӯзгорон дорад, бетаваҷҷуҳӣ зоҳир накарда, кушиш намоем, одитарин кашфиётҳои худро ба истеҳсолот рабт диҳем, то тавонем номи шарафёбӣ “Омӯзгор”-ро бозҳам баланд бардорем.

Саидшоҳи Сафархон – аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак