83138 2-40-07

ПАЁМРО РОҲНАМО ДАР ЗИНДАГИИ ШОИСТА МЕДОНЕМ

Норак: Андеша  

Ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои он, устувор гардонидани ваҳдати миллӣ ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеа ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҳар шаҳрванди ватандӯсту ватанпарвар мебошад.

Сарвари давлат тамоми он барномаҳоеро, ки пешниҳод намуда буданд ва пешниҳод менамоянд, аз ҷониби Тоҷикистон бо ҷидду ҷаҳди ватанпарастона амалӣ шуда истодааст.

Роҳбари давлат борҳо таъкид кардаанд, ки мо азму талош дорем, то барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи ҳар яки мо вогузор намудаанд.

Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нуктаҳои муҳими таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳуриамонро таъкид намуда, роҳҳои амалӣ сохтани барномаҳои давлатии баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии аҳолии мамлакатро пешниҳод менамоянд.

 Сохтмони иншооти бузург, биноҳои баландошёна, роҳҳои васеъ ва мумфарш, мактабҳо ва муассисаҳои фароғатӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки имконияти халқ беҳтар шудааст ва рушди босуботи ҷомеа имкон медиҳад ҳар фарди ҷомеа барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии худ ғайрат намояд.

Бахусус таваҷҷуҳ ба рушди илму маориф хеле бештар шуда, ин соҳаҳо ба соҳаҳои афзалиятнок табдил меёбанд. Имрӯз ҳар фарзанди тоҷик имкон дорад, ки на фақат дар дохили ҷумҳурӣ, балки берун аз он дар донишгоҳҳои машҳури сатҳи ҷаҳонӣ дониш омӯзад ва соҳиби касбу ихтисос гардад.

Соли «Маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлати мо, ки ҳуқуқбунёд аст, тарбияи насли наврасро ба эҳтироми қонун, меъёрҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамчун муҳимтарин хислатҳои инсон, ки дар ғамхорӣ дар бораи ободии мамлакати худ, таҳкими он зоҳир мегардад, роҳандозӣ менамояд.

Аз ин рӯ, ҳар яки мо вазифадорем, ки тамоми азму ирода ва нерӯву имкониятҳои худро барои хизмат ба халқу Ватани маҳбубамон ва минбаъд низ сазовор будан ба эътимоди мардуми кишвар сафарбар намоем.

Ганҷина Аминбекова - аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак