83138 2-40-07

Гиромидошти фарҳанг - гарави дар оянда пойдор будани миллати тоҷик

Норак: Андеша  

Ташаббус ва иқдомҳои нек ва пайгиронаю хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва тарғибу рушди бемайлони соҳаи фарҳанги миллӣ бениҳоят бузург аст.

Давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ сиёсати миллии фарҳангӣ шакл гирифт, ки асоси онро гиромидошти арзишҳои миллии тоҷикӣ ва муаррифии ин арзишҳо дар сатҳи байналмилалӣ ташкил менамуд.

Фарҳанги миллӣ як рукни ҷудонашавандаи давлати миллӣ ба ҳисоб рафта, василаи асосии муаррифии давлату миллат дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд.

Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи  башарӣ гардид.

Аз Паёми навбатии Пешвои миллат бармеояд, ки бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод гардид, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад.

Саҳми Роҳбари давлат дар баробари муаррифии байналмилалии фарҳанги тоҷикӣ ҳамчунин дар тарғиби омӯзиш ва гиромидошти он дар дохили кишвар низ беандоза бузург мебошад. Соли 2021 бо ташаббуси шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар китоби аллома “Бобоҷон Ғафуров”, ки бозгӯи таъриху фарҳанги миллати тоҷик мебошад, аз ҳисоби маблағҳои захиравии Фонди махсуси Президенти кишвар чоп ва ба ҳар як оилаи мамлакат тақдим карда шуд.

Соли 2023 зимни баргузории Симпозиуми байналмилалии «Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик», ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров ба мақомотҳои дахлдор супориш доданд, ки бо мақсади тарғиби омӯзиши фарҳангу таърих ва гиромидошти он соли 2024 асари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ “Шоҳнома” бо забони тоҷикӣ чоп ва ба ҳар оилаи тоҷик дастрас карда шавад. Китоби Қуръони Карим низ ба забони тоҷикӣ аз чоп баромад, ки мазмуни он барои мардуми миллати мо равшану возеҳ гардид. Амалҳои мазкур бозгӯи муҳаббати беохири Пешвои муаззами миллат ба фарҳангу маданияти аҷдодонамон дода, моро ба омӯзишу гиромидошт ва муаррифии ин ҳама мероси ғанӣ дар сатҳи байналмилалӣ даъват менамояд.

Қаҳҳорзода Тағойбек - вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак аз ҳавзаи интихоботии №32