83138 2-40-07

ВАТАН, ОРОМИАТ ОРОМИИ МОСТ

Норак: Андеша  

 

Ҳамин оромиву   осудагии  имрӯзи  Тоҷикистон  аст, ки   барои  ҳама  имконоти  кору  фаъолият,  илмомӯзиву  ихтироъкориро   фароҳам    овардааст.

Мо-ҳар  як  тоҷику  тоҷикистонии  асилу  боору номус  ба  хотири пойдории соҳибистиқлолии  Ватан  ва рушду   ободиву  озодии он  бояд  саҳмгузор  бошем.Дар чандсоли охири  соҳибистиқлолии  Ватани   азизамон – Тоҷикистон  давлату  ҳукумати   мамлакат   садҳо  таълимгоҳҳои   бо  таҷҳизотҳои  замонавӣ  ҷиҳозонидашуда  сохта  ба  истифода  доданд,  садҳо  километр   роҳҳо,  нақбҳову пулҳои ба  меъёри  байналмиллалӣ  ҷавобгӯ, чандин  корхонаҳову нерӯгоҳҳо  сохтаву   таъмир шуданд ,   ки миллати тоҷик  назирашро  дар  ҳазорсолаҳо  надида  буд.

Тоҷикистон  имрӯз  ба  хонаи  умеди  тоҷикони  тамоми  дунё  табдил  ёфтааст. Тоҷику тоҷикистонӣ  дар ошёни  меҳри  хеш зиндагии  осоиштаву ором  доранд. Пас  моро  мебояд  на  танҳо имрӯз, балки ҳар рӯз  аз Истиқлол  ҳарф занем ва  онро якҷо бо “Алла”- и  модар дар  гӯши   тифлакон  хонем, то  аз гавҳора  бо ҳамин  эҳсос  тарбия  ёбанд.

Имрӯз, ки  мо дар  фазои  озодиву  ободии  ба  шарофати  соҳибистиқлолии  ба дастомада  кору  зиндагӣ дорем, тассавур  карданамон хеле  аламовар аст, ки  дар ин дарозои  таърихи сангини  миллат,  чӣ  қадар  фарзандони   боору  номуси  Ватан  барои  ин рӯзи  нек   ҷони  худро  аз даст додаанд.

Вақте, ки дар  бораи дастовардҳои  бузурги  даврони  соҳибистиқлолӣ  ҳарф мезанем барои мардуми  Ватандору  боору  номус  хеле  дилнавозу фараҳбахш садо медиҳад, вале  ба бадхоҳони давлату  миллат  намефорад, чунки ҳақиқату адолат  барояшон   гӯшхарош  аст. 

Боварӣ  дорем, ки ҳар як тоҷику  тоҷикистонии  боору номус  ҷаҳду талошҳои  Президенти   Ватанамон- Тоҷикистон дар  бораи таъмини истиқлолияти  энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, аз бунбасти  коммуникатсионӣ  баровардани  мамлакат  ва  саноаткунонии   босуръатро  аз нигоҳи  худшиносии  миллӣ  эҳсос   менамояд ва  мекӯшанд, ки дар амалӣ шудани ин ҳадафҳои   ватанпарастона   саҳмгузор  бошанд. 

Хайруллозода  Баҳодур, муовини раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар  шаҳри  Норак