83138 2-40-07

НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

Норак: Андеша  

Фарзанд неъмати бебаҳост, ки ҳаёти мо, инсонҳоро ширин асту лаззати зиндагӣ ва накҳату муҳаббати самимиро эҳсос менамоем. Аз рӯзи ба дунё омадани фарзанд ҳар як волидайн дарҳол дар фикри ояндаи ӯ мешаванд. Зеро фарзанд барои падару модар беҳтарин неъмати бебаҳо ва меваи зиндагист.

Тарбия ва ба камол расондани фарзанд дар ҳама давру замон аз ташкили дурусти оила ва ташаккули маърифати оиладорӣ сарчашма гирифтааст. Чун танҳо оилаи солиму соҳибмаърифат метавонад фарзанди хубро тарбия намуда ба камол расонад. Мутаассифона, имрӯз баъзе падару модарон барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони худ монеъ мешаванд ва нисбати ҳаёту зиндагии онҳо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳамин сабаб аст, ки дар ҷомеаи мо баъзан амалҳои номатлуби ҳуқуқвайронкунию ҷиноятӣ аз ҷониби наврасону ҷавонон содир мегардад. Беназоратии волидайн нисбати наврасону ҷавонон, беаҳамиятӣ, хунукназарӣ дар таълиму тарбияи фарзанд асоси сарчашмаи ҳамагуна амалҳои номатлуб аз ҷониби наврасону ҷавонон мебошад.

Бо мақсади пеши роҳи ҳамагуна амалҳои номатлубро гирифтан, инчунин ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбия намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудани фарзандон бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдошти ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар гардонид.

Ба воя расонидани фарзанд ва тарбияи дурусти онҳо вазифаи аввалиндараҷа ва масъулияти падару модар дар назди ҷомеа, миллату давлат мебошад. Оид ба уҳдадориҳои падару модар дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зикр гардидааст,ки падару модар якҷоя ё ҷудо зиндагӣ кунанд,онҳо вазифадор ҳастанд барои таълиму тарбияи фарзанд.

Бинобар ин аз ҳамаи падару модарон хоҳиш карда мешавад,ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъулияти зиёд зоҳир намоянд, чунки неъмати бебаҳо барои ҳар инсон ин фарзанд аст.Беҳуда бузургони мо қайд накарданд, ки фарзанди хуб боғи падар,фарзанди бад доғи падар аст.

Зуҳурова Дилбар,  аъзои ҲХДТ   дар  шаҳри Норак