83138 2-40-07

ЗАНОНУ БОНУВОНИ ТОҶИК - ТАРҒИБГАРИ ЛИБОСҲОИ МИЛЛИАНД

Норак: Андеша  

Либос ва либоспӯшӣ - ҷузъи фарҳанги ҳар миллат буда, шаҳрвандон онро бо мақсади ҳифзу ҳимояи бадан аз таъсири манфии муҳити атроф,инчунин ба хотири зебопарастӣ ва муаррифии намудани зоҳирии хеш ба бар мекунанд.Либос таассуроту ҷаҳонбинии одамонро низ муаяйн намуда,мақому манзалати иҷтимоии ӯро равшан мегардонад.Дар баробари ин либос як рукни фарҳанги миллӣ буда,дар он афкори рангини мардум ифода меёбад ва ҳар нақшу нигори он мазмуни миллӣ дошта,дар он орзую омол ва пиндорҳои одамон ифода мегардонад.

Либосҳо мувофиқи диди миллӣ дӯзонида шуда,дар онҳо арзишҳои миллӣ ба инобат гирифта мешаванд.Мутаасифона дар бисёр мавридҳо дар либоспӯшии духтарону занони мо ин чизҳо ба назар намерасад.Тарзи либоспӯши ҷузъи фарҳангии халқ ба ҳисоб рафта,риояи он барои ҳифзу ҳимояи анъанаҳои миллӣ, муаррифии шоистаи халқ ва ба сифати кишвари воҳиди ягона ташаккул ёфтани мамлакат мусоидат менамояд.

Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, тамаддуни пурғановати онҳо дар забону адабиёт,фолклор, ҷашну маросимҳо, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳатто тарзи пӯшидани сарулибос таҷассум ёфтааст. Дар маҷмӯъ,риояи либоспӯшии миллӣ-ин арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба халқу миллат буда,ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.

Қобили қайд аст,ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати таҳкими Истиқлолият ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда,бо фарҳанги волои худ дар олам машҳур гаштааст.Либоспӯшӣ низ ҷузъи ҳамин фарҳанги тавоно буда,риояи он дар тамоми қаламрави кишвар ҳатмӣ мебошад.Либоспӯшии тоҷикон аз қадим аз дигар миллатҳо фарқ карда,бо тарзи дӯхт,нақшу нигор ва истифодаи он ба куллӣ тафовут дошт ва ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.

Бонувон,занон ва духтарони тоҷик бояд ба маданияти либоспӯши диққати аввалиндараҷа дода,бо кадом либос ҳузур доштани худро дар хона,назди ҳавлӣ,гирду атроф,ҷойҳои ҷамъиятӣ, корхонаю муассаса,чорабиниҳои гуногун донад,миллатро ва хешро бо тарзи либоспӯшӣ муаррифӣ намояд.Бинобар ин аз ҳамаи бонувон, занону духтарони тоҷик эҳтиромона хоҳиш карда мешавад,ки пеш аз ҳама тоҷик будани худро фаромӯш накарда,либосҳои миллиро ба бар карда ба ҳамин восита ҷавононро аз гаравидан ба либосҳои бегона пешгири менамоем.Чунки либоси миллӣ муаррифигарӣ миллату давлат аст.

Зуҳро Ҳакимзода -Аъзои фаъоли ҳхдт дар  шаҳри Норак