83138 2-40-07

ҲХДТ – Ҳизби созанда

Норак: Андеша  

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоии  узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад.

Дар давоми 29 соли фаъолияти худ, ҲХДТ тавонист, ки ба дилу дидаи мардум роҳ ёфта, мардумро дар равандҳои ватансозӣ, истиқрори сулҳ, тақвияти ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва ҳалли ҳадафҳои стратегӣ оқилона роҳнамоӣ намояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти ба душ доштаашро дар назди халқу Ватан,бо сарварии Раиси муаззами ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро карда, заминаҳои густариши демократия ва гуногунандеширо дар ҷомеа мустаҳкам намояд ва ҳамчун ҳизби созанда ба эътирофи умум шарафёб гардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳизбиёнро ба он ҳидоят кардаанд, ки фаъолияти худро густариш бахшанд. Ҳарчӣ бештар мулоқоту суҳбатҳои рӯ ба рӯ бо мардум гузаронанд, ҳамчунин расидагӣ ба арзу муроҷиати шаҳрвандон намуда, дар ҳама ҳолатҳо байни мардум бошанд.

Албатта, дар ин росто саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо роҳбарии сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо таърихи чаҳорякасра низ хеле бузург аст. Дар амаалӣ намудани ин корҳои бузург дар самти рушду тараққиёти кишвар стратегияву барномаҳои ҳизбӣ нақши муассир доранд.

Абдукаримзода Меҳрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак