83138 2-40-07

ОЯНДАРО БО ҲАМ МЕСОЗЕМ!

Норак: Андеша  

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои дар ҳаёт татбиқ намудани орзуву омоли халқ фаъолона талош варзад, ташаббускору навовар бошад, дигаргуниҳои ҳаёти ҷамъиятиро дуруст дарк карда, дар татбиқи амлҳои созанда пешсафу роҳнамо бошад.

                                                                                                                                                                                          Эмомалӣ  Раҳмон

 

Дар тӯли фаъолияти сиёсии худ Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастггирии халқ ва хусусан тинҷиву амонии халқу давлатро дар афзалияти сиёсати худ қарор додаанд. Таъмини амнияти кишвар бо талошҳо ва хизматҳои пурарзиши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад  ва дар тӯли 29 соли фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон комёбиҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, сулҳу суботи миллӣ ва ягонагиву сарҷамъиро барои миллати худ  ҳадя намуд.

Таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти олии ватансозӣ ва таъмини амнияту осудагии Тоҷикистон ва халқи онро ба дӯш гирифтааст.

Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати шарафманду бузурги тоҷик оғози наве бахшид. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод. Самараи неки Истиқлол аст, ки мардуми кишвар шукргузорӣ аз ободиву осудагии меҳани азиз мекунанд ва имрӯз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст.Ифтихор карда гуфтанием, ки бо шарофати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мо ба ин рӯзҳои неку пурфайз расидем.                                                      

Маҳз талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пиёда сохтани ҳадафҳову вазифаҳои гузоштаи худ басо калон мебошад. Зеро, ки ҳар иқдоми пешгирифтаи он барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум равона гардидааст.Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳтарин яке аз давлатҳои воқеан демократию, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар миқёси ҷаҳон шинохта шуд ва  ба мо насли имрӯз ва фардои кишвар меросӣ  гардид.

Сиёсати хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, то кишвари мо аз вартаи ноумедӣ раҳо гардид ва дар Ватани азизамон  Ваҳдату якдилӣ  ҳукмрон  гашт.  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак 29- солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба кулли мардуми сарбаланди Тоҷикистон шодбош мегӯяд. Таманнои онро дорем, ки офтоби сулҳи тоҷикон ба ҳамешагӣ  дурахшанда бошад.

Наргис Ҳасанова, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Норак