83138 2-40-07

ТАЛОШИ   БОНУВОН   БАРОИ   ДАРЁФТИ  “ҶОМИ   ҲХДТ”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Варзиш қосиди сулҳ ва ваҳдати миллатҳо ба ҳисоб рафта, он беҳтарин воситаи таҳкими дӯстӣ ва якдилӣ ба ҳисоб меравад. Қобили қайд аст, ки баргузории чорабиниҳои варзишӣ аз ҷониби аҳолӣ хуб пазируфта шуда, бештар наврасону ҷавонон бо мақсади ба таърих, фарҳанг, расму оийн ва анъанаву суннатҳои тоҷикона баҳри баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ аз арзишҳои миллӣ, ҳамзамон, тарғибу ташвиқ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим рӯ меоваранд.

Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бахшида ба 29-солагии таъсисёбии ҲХДТ  миёни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Норак  бозии волейбол идома дорад.

Хотиррасон менамоем, ки бозии  навбатӣ  санаи 28  ноябри соли 2023, соати 14:00  дар  МТМУ-и  №28   баргузор  мегардад:

1. Дастаи МТМУ-и №5 бо дастаи МТМУ-и №7

2. Дастаи МТМУ-и №1 бо дастаи МТМУ-и №8

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ба дастаҳо муваффақияту пирӯзӣ  таманно менамояд.