83138 2-40-07

ПАРЧАМ ТАҶАССУМГАРИ АСОСҲОИ ТАЪРИХУ МЕРОСИ АРЗИШМАНДИ МИЛЛӢ

Норак: Андеша  

Парчами мо ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи куҳанбунёдамон ба ҳисоб меравад.

Миллати тоҷик парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд ва ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро бо сарбаландии ҳар як фард баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаанд

Аз рӯзе, ки миллати сохибфарҳанги тоҷик соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии мамлакат дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.

Ва муҳимтар аз ҳама, қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.

Хусусан, дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ, яъне замоне, ки мардуми мо ба эъмори давлати навини худ шурӯъ намуданд, парчами давлати тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши бағоят арзишманд бозид.

Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир нишон медиҳанд, ки воқеаҳои даҳшатноку фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷаҳонӣ ба амал меоянд, барои хатару таҳдидҳои нав, ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам оварда, ба амнияти давлатҳо, аз ҷумла ба фазои орому осоиштаи Тоҷикистони азизи мо таҳдид менамоянд.

Воқеан, парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду мароми сокинони мамлакат буда, ба онҳо дар роҳи бунёди ояндаи дурахшон нерӯву қудрати созандагӣ мебахшад.

Миллати тоҷик дар зарфи сиву як сол бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик пойдевори устувори давлатдории миллии худро гузошт.

АЗАМАТ  ЗАЙНИДДИНОВ - аъзои фаъоли ҲХДТ дар  шаҳри   Норак