Тибқи ҷадвали бозиҳои ҲХДТ дар шаҳри Норак миёни бонувони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба 29 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахшида ба “Рӯзи Президент”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Имрӯз 17 ноябри соли ҷорӣ дар мусобиқаи варзишӣ дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нурафшон” (НБО-и Бойғозӣ) бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён”- МТМУ №1 рақобат намуданд, ки дар натиҷа дастаи МТМУ №1 ғолиб баромад.
Инчунин дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” МТМУ №8 бо дастаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “”Фарҳанг” рақобат намуда, ғолибият насиби дастаи МТМУ №8 гашт.
Тибқи ҷадвали тасдиқшуда идомаи бозиҳои навбатӣ санаи 21 ноябри соли 2023, соати 14:00 дар МТМУ-и “№28 баргузор мегардад:
-
Дастаи МТМУ-и №2 бо дастаи МТМУ-и №4
-
Дастаи “Роҳсоз” бо дастаи Гимназияи давлатии №1
-
Дастаи МТМУ-и №10 бо дастаи МТМУ-и №27