83138 2-40-07

ШИФОИ ДАРДИ ПИНҲОН – ЭМОМАЛӢ РАХМОН

Норак: Андеша  

Агар мо лахзае ба гузашта нигарем, замоне, ки мардуми точик парешонхолу пароканда буданд, айёми ҷанг... Ба хаёли ин мардуми ошуфтаву  саргардон ва мусибатзада  на оромиву ободи меомаду на сулху осоише.

Дар хамин лахзахои яъсу ноумеди, дар лахзахои нокоми марди начибу хоксоре ба сари минбар омаду суханхои худро чунин оғоз намуд, ки ман ба шумо, хонадони шумо ва ба хонадони хар як миллати точик сулҳ меорам.

Имрӯз бо шарофати ин марди Худододу қавиирода, Тоҷикистони парешони мо ба як сарзамини ободу осуда табдил ёфтааст. Махз хизматхои шоён ва барҷастаи ўст, ки хамон мардуми мусибатзадаву ошуфта, зери нурпошихои хуршед некдилона ва сулхдўстона зиндагонї мекунанд.

Шукри Яздон, шукри сарвар, шукри миллат мекунем,

Шукри ин иќболу Истиќлоли давлат мекунем.

Бо ин марди Худо, эй хамватан шукрона бояд кард...

Банда ду хислати ин марди тавоноро пай бурдаам. Ҳам марди "наҷиб" ва хам "хоксор".

Лахзае, ки хонандаи мактаб будам, Ҷаноби Оли ба шахри Норак сафари кори доштанд. Муассисаву корхонахои замонавиро кушода ба истифода доданд, баъдан дар муассисаи раќами 28 вохўри оростанд, ки шахсан ман дар он ҷо иштирок доштам. Ҷаноби Оли гуфтанд: " Ҳангоме вориди шахр (Норак) мешудам, мардумеро дидам, ки ба чукрифурўши машгуланд. Онхоро аз рох пеш накунед ва пеши рохи савдои онхоро нагиред, чунки онхо бо хамин рох рўзгори худро пеш мебаранд. Вақте, ки ман хурд будам, айёми бачаги бо рафиқам ба кўх, барои чукричини баромадем. Ман чукриеро зери чашм кардам, хостам барканам. Баногох поям лағжиду афтодам ва либосам дарида шуд. Чукричини осон нест...!"

Ончуноне марди хоксор хастанд, ки захматхои миллати худро нодида намегиранд.

Марди наҷиб

Айёме, ки ба сари вазифа омада буданд, ба назари мардум як ҷавони одди менамуданд. Вале ба ҷавонияш нигох  накарда ин масъулияти бузург, яъне таъмини сулх дар кишвар, ба имону виҷдони худ қасам ёд намуданд ва имрўз ба қасами ёднамудаи худ содиқ монданд. Ҳол он, ки баъзеҳо як оиларо чӣ  аз чихати иқтисоди, иҷтимои таъмин карда наметавонанд.

Вале , харчи ў гуфт кард, тавонист!

Оре, ин ҷавонмардист ва он марди Худодод аст.

 

Сатторова Таиса, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” -и назди КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак