83138 2-40-07

Варзиш неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат мебошад

Норак: Андеша  

 

     Соҳаи варзиш имрӯз ҳамчун омили таҳкимбахши  дӯстию рафоқат, тарзи ҳаёти солим ва муаррифгари давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ мавқеъ дошта, баҳреро мемонаду  месазад, ки ҳамчун омили рушди солимии  инсон доимо мавҷ занад.

       Имрӯзҳо мо шиҳиди он ҳастем, ки варзишгарони тоҷик таҳти ғамхорӣ ва сарпарастии доимии Роҳбарияти Олии кишвар ҳамчун ҳомиёни ояндабахш қарор доранд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд, ки  “Варзиш яке аз василаҳои муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ, қосиди сулҳу субот, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад”.

        Дастоварду комёбиҳои варзишгарони даврони истиқлолият дар ҷодаи варзиш  дар ҳудуди кишвар ва берун аз кишвар маҳз аз таваҷҷуҳи  хосаи Пешвои муаззами вобастагии муҳим дорад, ки дар замина варзишгарон дар чорабиниҳои гуногуни сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштироки фаъолона намуда, ба музаффариятҳои нав ба нав ноил гардида истодаанд.

       Ҳамзамон ҳамасола раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасазода Шаҳло Ҳасан дар баргузориҳои мусобиқаҳои варзишӣ байни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии корхонаю муассисаҳо бахшида ба чашнвораҳои таърихӣ саҳми арзандаи хешро мегузорад.

     Мусаллам аст, ки шахсони солиму тавоно аз лиҳози ҷисмонию рӯҳи обутобёфта ва ғаюру далер, шуҷоатманду ватандӯст ва соҳиби ахлоқи неку барои ҳар давлат хеле аҳмиятнок ба шумор меравад.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилро ба инобат гирифта варзишро ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои пешрафти он, ҷалби васеи аҳолӣ бо мақсади оммавияти варзиш, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму заковати солим тадбирҳои муассирро амалӣ мегардонад.

      Доимо баҳри солимии насли наврас ман, ҳамчун мушовир оид ба фанҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии ибтидои ҳарбии шуъбаи маорифи шаҳри Норак, миннадории худро ба Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак, ки баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  рушди соҳаи варзишро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавӣ ҳисобидааст  мерасонам.

   

Бутаев Амонулло, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак