83138 2-40-07

Кониститутсия бахтномаи миллат

Норак: Андеша  

Таҷлили ҳамасолаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи худшиносӣ ва ифтихор маҳсуб ёфта, рӯзи қабули он барои мо маънои лаҳзаи тақдири хешро бо дасти худ гирифтан, дарк намудани масъулияти давлатдории миллиро дорад.        

Конститутсия мақсади миллати тоҷикро барои соҳибихтиёрӣ дар моддаи якуми худ таҷассум кардааст. Соҳибихтиёр будан шарафест, ки на ба ҳар миллат насиб мегардад. Пеш аз ҳама, давлат  ба манфиати миллат бояд хизмат намояд. Рисолати давлат низ дар ҳамин аст. Аз ҳамин ҷост, ки миллатҳое, ки худшиносиашон баланд аст, ҳамеша кӯшиш доранд, то давлати соҳибистиқлол дошта бошанд, то ормонҳои миллии худро ба воситаи он таъмину ҳифз намоянд.

Саҳифаҳои муборизаи миллӣ бар зидди аҷнабиён аз қаҳрамониҳои Шераку Томирис, Спитамену Темурмалик ва дигарон баёнгари онанд, ки миллати тоҷик ҳамеша кӯшиш дошт, то соҳибихтиёр бошад ва ватани худро обод намояд. Дар бораи Тоҳириёну Саффориён аввалин сулола - сарварони ҳаракати миллӣ барои таъсиси як давлати мустақили тоҷикон низ таърих гувоҳӣ медиҳад ва маҳз аз ҳамин сабаб давлатдории Сомониён дар таърихи миллат "давраи тиллоӣ" ном гирифтааст.

Ин се сулола ва махсусан Сомониён баъд аз футуҳоти ислом аввалин маротиба забони форсии тоҷикиро ба ҳайси забони расмӣ мавриди амал қарор доданд, ки ин падида дар Конститутсияи муосири тоҷик низ дар моддаи дуюм зикр шудааст. Забони миллат яке аз нишонаҳои муҳими миллат, воситаи ташаккулдиҳандаи фарҳанги пешрафта ва муаррифгари он мебошад.         

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи нави давлатдории тоҷикон буда, барои ташаккули боз ҳам беҳтари давлатдории мо он метавонад заминаи такомули Конститутсия, наздик намудани ҳокимият ба халқ, сазовор шудан ба боварии халқ ва пешравии миллату давлат гардад.

Қаҳорзода  Тағойбек    Вакили   Маљлиси   вакилони халќи  шањри Норак