83138 2-40-07

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ ВА КАФИЛИ АМНИЯТИ ШАҲРВАНДОН АСТ

Норак: Андеша  

Дар ҳама давру замон ҳар як роҳбари давлату аъзоёни ҳукумат барои ҳифзи марзу бум, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон санади олии ҳуқуқиеро омода ва табъ мерасонанд, ки он барои фаъолияти ҳуқуқии шаҳрвандон ва хизматиёни давлатӣ кӯмак мерасонад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ ва гирифтани ҷилави зимомдорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, ҳифзи марзу буму ёдгориҳои таърихӣ, таъсиси артиши милливу сохторҳои қудратӣ, омода ва ба табъ расонидани санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки фаъолияти шаҳрвандонро ба танзим медарорад, диққати махсус зоҳир намуда, санаи 06.11.1994. бо тариқи райъпурсӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ки он самтҳои афзалноки фаъолияти сохторҳои қишри ҷомеаро ба танзим медарорад. Барои исботи ин гуфтаҳо, шарҳи кӯтоҳи Конститутсия:

1. Боби 1. Асосҳои сохтори Конститутсионӣ;

2. Боби 2. Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд;

3. Маҷлиси Олӣ;

4. Боби 4. Президент;

5. Боби 5. Ҳукумат;

6. Боби 6. Мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва худи-доракунӣ;

7. Боби 7. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;

8. Боби 8. Суд;

9. Боби 9. Прокуратура;

10. Боби 10. Тартиби тағйиру иловаҳо ба Конститутсия;

Воқеан ҳам, дар ин 10 боби Кониститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти қишри ҷомеъа ба инобат гирифта шудааст. Ва бо дар назардошти зиёд шудани аҳолӣ дар мамлакат, пешгири намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷомеа, таҳдиди хатарҳои берунимарзӣ ва риояи санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ 3 - маротиба бо тариқи райъпурсӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру илова ворид шудааст. Бори якум 26-уми сентябри соли 1999, бори дуввум 22-июни соли 2003 ва бори сеюм 22-майи соли 2016.

Ин санади олии ҳуқуқӣ, яъне Конститутсия боис гардидааст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи он амал карда, дар фазои сулҳу субот, пойдории сулҳ, Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ рӯзгори хушу хурсандона доранд.

Ва ҳар сол 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи “Конститутсия” дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд.

Саидшоҳи Сафархон, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак