83138 2-40-07

КОНСТИТУТСИЯ ВА АҲАМИЯТИ ТАЪРИХИИ ОН

Норак: Андеша  

Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ аз охирҳои асри ХVIII оғоз гардида, то анҷомёбии ҷанги якуми ҷаҳон давом мекунад. Давраи аввали инкишофи конститутсионӣ ин давраи бунёд ва мустаҳкамшавии ҷомеаи буржуазӣ дар давлатҳои пешқадами Аврупо ва Америка ба шумор меравад. Чунонки зикр намудем, давраи аввал аз қабули Конститутсияи ШМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) оғоз мегардад. Баъдан давлатҳои дигар, ба монанди Полша (соли 1791), Венесуэла (соли 1811), Белгия (соли 1831), Канада (соли 1867) ва Австралия (соли 1900) конститутсияҳои худро қабул намудаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки бунёди ҷараёни конститутсионӣ дар он давра хеле маҳдуд буд ва танҳо давлатҳои Аврупо ва Америкаро фаро мегирифт.

Дар анҷоми давраи аввали инкишофи конститутсионӣ аввалин маротиба конститутсия дар давлатҳои Осиё дар Япония (соли 1889), дар Хитой (соли 1912) ва дар Эрон (соли 1906) қабул карда шуд. Дар давлатҳои қитъаи Африка бошад, дар Либерия (соли 1847) ва дар Иттифоқи Африқои ҷанубӣ (соли 1909) конститутсияҳо қабул карда шудаанд.

Ҳанӯз моҳи декабри соли 1993 дар арафаи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор намудам, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Сарқонуни нави ҷумҳурӣ мегузорад».Моҳи ноябри соли 1993 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ ва гурӯҳи кориро оид ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия таъсис дод. Лоиҳаи нави Конститутсия тибқи Қарори Шӯрои Олӣ 13 апрели соли 1994 қабул гардида, ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия дода шуд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шудааст. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.6-уми ноябри 1994 дар таърихи давлатдории миллатамон саҳифаи нав кушода шуд. Халқи тоҷик аввалин маротиба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул намуд, ки он кишвари моро бо номи давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона расман ба ҷаҳониён муаррифӣ кард.

Ҳамзамон, пешрафти ҳаёти ҷомеа талаб менамуд, ки муқаррароту меъёрҳои конститутсионӣ такмил дода шуда, он ба талаботи давру замон мувофиқ гардонида шавад. Тавре Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин хусус дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2003, иброз намуда буданд: «…меъёрҳои Конститутсия бояд ба инкишофи равандҳои демократӣ дар ҷомеа ва танзими муносибатҳои нави иқтисодӣ мусоидат намояд. Бояд тазаккур дод, ки соли 1999 на ҳамаи камбудию нуқсонҳои Конститутсия ислоҳ гардида, норасоиҳои дар матн ҷойдошта бартараф карда шуданд.».

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Аз ин рӯ, кафолати зиндагии осуда ва хурраму озодро барои халқ ин ҳуҷҷати муҳим таъмин менамояд. Асоси чунин зиндагӣ бошад, меҳнати софдилонаю бунёдкорона аст. Пас кафолати меҳнати озодона, донишу ҳунаромӯзӣ, истироҳат ва табобат, саҳм гирифтан дар пешрафти мамлакат барои ҳар шаҳрванд низ аз ҷониби давлат тавассути Конститутсия муайян гардидааст.

Ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шудааст ва пешрафту дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат ҳар як фарди ҷумҳуриро водор мекунад, ки Ватани худро бештар дӯст дошта, сулҳу субот ва якпарчагии Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд ва барои амалӣ гаштани ин мақсадҳои наҷиби ватандӯстона мо ҳамеша худро такягоҳи боэътимоди халқу давлат шуморида, баҳри таъмини бечунучарои волияти қонун бо дарки масъулиятшиносии баланд, камари ҳиммат мебандем.

Мо бояд ба ин сарвати бебаҳо, сулҳу ваҳдати миллӣ, озодӣ, оромию осудагӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азизамонро, ки маҳз бо шарофати хизматҳои шоиставу беназири ин абармарди арсаи сиёсат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намоем ва тамоми қувва ва маҳорати худро барои нигаҳдории сулҳу субот ва ободиву пешрафти Ватанамон Тоҷикистони азиз дареғ надорем.Чунки вақти он расидааст, ки Ватани худро дар амал ва сидқан дӯст дошта,ҳимояи ин Ватани муқаддас вазифаи ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳакимзода Зуҳро, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак