83138 2-40-07

КОНСТИТУТСИЯ САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

Норак: Андеша  

Вожаи Конститутсия лотинӣ буда,ба маънои муқаррар кардан,тасдиқ намудан дар Рими қадим пайдо шудааст.Андаке дер тар ,дар асрҳои миёна истилоҳи "қонуни асосӣ"-ба миён омад,ки онро кас метавонист ба ҷойи калимаи Конститутсия кор фармояд. Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шудани Конститутсия яке аз дастовардҳои азими халқи тоҷик гардид.

Конститутсия ба яке аз сарчашмаҳои боэътимоди асосии таъминкунандаи ҳаёти муътадили осоиштаи ҷамъиятию давлатии ҷумҳуриамон табдил ёфт.Аҳамияти таърихии ин санади асосии меъёрию ҳуқуқӣ,дар 10-бобу 100-моддаи он сиёсати давлатӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт муқаррар шудааст,ниҳоят бузург аст.

Дар моддаи аввали он орзуву армони чандинасраи халқамон:бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ягона, демократӣ ва озод сабт шудааст.Конститутсия дар шароите таҳия ва ба муҳокимаи умум гузошта шуда буд, ки гурӯҳҳои гуногуни сие сӣ,мансабталошу ҳангомаҷуй ҳанӯз барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои худ вобаста ба сохтори давлатдорӣ талош доштанд.

Бо назардошти иродаи аксарияти мардуми кишвармураттаб ва қабул гардидани Конститутсияи ба нофаҳмиҳо ва саволҳои сершумори онҳое ,ки.ба ояндаи Тоҷикистон чандон боварӣ надоштанд,ҷавоби аниқ дод.Бинобар ин,ҳар яки мо бояд ба дарки қадру қимати муқаддасоти Конститутсиамон-мафҳумҳои давлати дунявӣ,ягона,демократӣ ва ҳуқуқбунёд бирасем ва ин арзишҳоро пурра дарк намоем.

Барои ҳарчӣ зудтар амалӣ гаштани мақсаду маром,ормони пешгирифтаи халқамон саҳмгузор бошем. Аз ин рӯ ҳар сол ҳамаҷониба 6-уми ноябр дар саросари кишвар "Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ҷашн гирифта мешавад. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадораст,ки ба қадри ин сарнавишти миллати хеш бирасем.

Чунон,ки С.Айнӣ гуфтааст:"Қонун дастури давлатӣ, ки дар мамлакат аз рӯйи вай кор карда мешавад.

Ҳайдарова Гулсифат, аъзои ҲХДТ  дар шаҳри  Норак