83138 2-40-07

Амалиёти муштараки ҳизбии "Соати сиёсӣ"

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Дар доираи Амалиёти  муштарак  Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар шаҳри Норак дар як ҷоягӣ бо шуъбаи маорифи  шаҳр дар Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №1 Соатисиёсӣ  баргузор   гардид.

    Амалиёти “Соати сиёсӣ”дар  мавзуъҳои  зерин доир карда шуд:

  • Вазъи сиёсии  Тоҷикистон ва  ҷаҳон

  • Шарҳу  тавзеҳи Паёми  Роҳбари давлат, тарбияи ҳарбии–ватандӯстии ҷавонон, ҷалби сарбози  ихтиёрӣ  ба  хизмати  ҳарби, интихоби касб, истифодаи дурустӣ телефони мобилӣ ва шабакаҳои интернетӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ, омӯхтани забонҳои русӣ ва англисӣ ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  суҳбат гузарониданд.

Дар ҷараёни “Соатисиёсӣ” басифати маърӯзачӣ мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак Ҳасанова Наргис, ва  сармутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Ғафурзода Фирдавс  иштирок доштанд.
   Боиси зикр аст, ки нақшаи амалиёти муштарак оид ба таҳкими  низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои тиълимӣ дар  ҳам бастаги  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба тавсиб   расидааст.