83138 2-40-07

БО ТАҚЛИД АЗ БЕГОНАПАРАСТӢ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ КОСТА ГАРДИД

Норак: Андеша  

Фарҳанг ҳастии миллат аст. Фарҳанг ҳофизаи таърихии миллатро устувор мегардонад.

                                                                             Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ бунёдкорию созандагии пурсамар ва дар партави сиёсати хирадмандонаю фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии он тавонист ҷойгоҳи шоистаеро дар арсаи байналмиллалӣ аз нигоҳи фарҳангию иттилоотӣ низ барои худ касб намояд, чунки акнун ҳеҷ гуна тасмимгирии дастаҷамъиро бе иштироки фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавон тасаввур кард.

Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини давлатдорӣ ба рушди фарҳанг таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамуд ва имрӯз низ корбаст аз фарҳанги миллӣ шеваи фаъолияти доманадорашон мебошад.

Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд: “Мо имрӯз ифтихор дорем, ки тоҷикон аз ҷумлаи қадимтарин миллатҳои ҷаҳон буда, бо осори гаронбаҳои моддӣ ва маънавии худ барои пешрафти фарҳанг ва маънавиёти халқҳои дигар хизмати шоиста кардаанд. Ба ибораи дигар, тоҷикон маҳз, аз файзи баракати ҳамин арзишҳову анъанаҳои аҷдодӣ тавонистаанд, ки ҳам ҳастии худро нигоҳ доранд ва ҳам дар минтақаи Осиё нақши тамаддунсозиро бозида, дар радифи қадимтарин миллатҳои дунё ҷой гиранд ва худро ба оламиён ҳамчун миллати фарҳангӣ муаррифӣ намоянд”. Аммо, мутаасифона имрӯзҳо нафарони зиёде ҳастанд, ки нисбати ин арзиши волою гаронарзиш фориғболӣ мекунанд.

 Бо пайрави аз фарҳанги либоспӯшии бегона фарҳанги миллии тоҷиконро коста намудаанд, хусусан қисми зиёде аз занҳо ва қисме аз мардҳо. Пеш аз оне, ки андешаҳоямро ба пуррагӣ баён намоям, аз ҳамаи занону бонувон, модарон ва бародарон маъзарат мехоҳам, чунки ман ҳамаи онҳоро дар назар надорам, аммо шумораи нафарони дар боло зикршуда аз зумраи занон ва мардон хеле зиёданд ва онҳоро аз мадди назар дур кардан (нодида гирифтан) имконнопазир аст, зеро чунин нафарон метавонанд обрӯ, шаъну шараф, ифати занони покдоману оқила ва мардони бонангу номуси тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ паст намоянд.

Имрӯзҳо ҳангоми сафар ва гашту гузор кардан бо ҷавонписарон ва ҷавондухтароне  вомехӯрем,  шимҳоеро ба бар сохтаанд, ки сари зону ва аз зонуи онҳо боло сӯрох аст дар байни ҷамъият гаштугузор карда истодаанд. Ё занони тоҷике ба назар мерасанд, ки либосҳои тунуки урён ва синтетикиеро ба бар сохтаанд, ки баданҳои онҳо намоёнанд ва он тарзи либоспушӣ хоси фарҳанги миллати тоҷик нест. Муддати зиёд ба бар сохтани чунин навъи либосҳо ба саломатии онҳо зарари калон мерасонад.  

Аз нуқтаи назари илми тиб гӯем, ба бар сохтани матоъҳои тунук ва урёни синтетикӣ сафедаҳои таркиби пӯсти баданро вайрон намуда, шахсро ба бемориҳои гуногуни пӯст гирифтор месозад. Ва инчунин пӯшидани чунин навъи либос боиси баланд гардидани шаҳвонии мардон мегардад, ки дар натиҷа, метавонад теъдоди зино ва ё сӯиқасд ба номуси чунин занҳо зиёд гардад.

 Агар чунин ҳолати либоспӯшӣ давомдор гардад, дар мардон шаҳват нест шуда, миллатро ба бенаслӣ оварда мерасонад. Сеюм, аз нуқтаи назари сиёсат бисёре аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳонӣ бар он назаранд, ки барои як давлати дигарро аз байн бурдан аввал бояд фарҳанги онро нест кардан лозим аст, сипас миллаташ пароканда шуда, давлат худаш оҳиста оҳиста аз байн меравад.

 Бинобар ин, хитоби ман ба нафароне, ки чунин навъи либосҳоро ба бар мекунанд!  Мақсади ман паст задани шаъну шарафи Шумо нест, баръакс ин ғамхории ман нисбати Шумо аст, ки пӯшидани чунин навъи либос дар шаъну шарафи зани тоҷик, модари мусалмон ҷавонмарди тоҷик зебанда нест.

Аз оне, ки чунин матоъҳои синтетикии урён ва сӯрохшударо бо арзиши гарон харидорӣ мекунед, аз матоъҳои шинами пахтагин, атлас, адрас, чакан ва шоҳӣ ва амсоли онҳо харидорӣ намоед, зеро он ба саломатии Шумо зиёне намерасонад. Дуввум Шумо ҳамчун муаррифгари фарҳанги либоси тоҷикӣ мебошед.

Севвум Шумо дар рушди фарҳанги миллӣ ҳиссагузор ба ҳисоб меравед.

Суоле ба миён меояд, ки чаро занону бонувон ва духтарони мамлакатҳои  Ғарб худ чунин либосҳои синтетикии тунуку урёнро ба бар намесозанд. Чунин ҷавоб гуфтан лозим аст, ки онҳо хуб медонанд, ки чунин навъи либосҳои синтетикӣ ҳаворо намегузаронанд ва ба бар сохтани онҳо ба саломатии онҳо зиёни калон мерасонад.

 Онҳо ҳатто чунин матоъҳои синтетикиро дар хонаҳо ба сифати пардаҳои дару тиреза истифода намебаранд, ки чунин матоъҳо ҳавоногузаранд ва дар инсон нафастангиро ба вуҷуд меорад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки онҳо танҳо мехоҳанд, ки фарҳанги бою ғании миллати тоҷикро коста гардонанд ё аз байн баранд ва дар байни миллати тоҷик фарҳанги худашонро ҷорӣ намоянд.

Саидшоҳи Сафархон,  аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак