83138 2-40-07

Дастовардҳои соҳибистиқлолӣ - кафили зиндагии шоистаи мардум!

Норак: Андеша  

Бо шукргузорӣ аз фазои осоишта, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот халқи куҳанбунёди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатиро ба даст овард.

Истиқлолият неъмати бебаҳо буда, гувоҳ аз доштани мақом, манзалат ва нуфузи ин ва ё он кишварро шаҳодат медиҳад. Тоҷикистон азизи мо низ, бо ба даст овардани ин неъмати нодиру гаронарзиш, ки бешак бо талошҳои фарзонафарзандони миллат озоду обод ва дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ баҳри таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоӣ зина ба зина ҳадафҳоро амалӣ намуда истодааст.

Мо, дар даврони соҳибистиқлолӣ дорои рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ, инчунин асъори миллӣ гардида, имрўзҳо боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки Парчами давлатии мо дар пештоқи Созмони Миллали Муттаҳид дар қатори зиёда аз 200 давлати дунё зери фазои обод парфишон ва Суруди миллӣ аз минбарҳои баланд садо медињад.

Яке аз дастоварҳои назири дигари солҳои соҳибистиқлолӣ ин таърихи 27 июни соли 1997 ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллист, ки бешак бо талошҳои шабонарўзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри сарҷамъ намудани мардуми тоҷик буд, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ-кафили якдилию ягонагӣ ва муттаҳидкунандаи халқ мебошад.

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандон бо қабули санади олии кишвар - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф, риоя, ҳифз ва кафолат дода шуда, тоҷикон дар фазои сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.

Зарур ба ёдоварист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум ва ба ин васила коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва рушд намудани кишвар бо ташаббуси Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 ҳадафи стратегӣ, аз қабили таъмини истиқлолияти энергетикӣ бо бунёди иншоотҳои хурду бузурги энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар бо бунёди роҳу нақбҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ бо оқилона истифода намудани замин, баистифодадиҳии корхонаҳои коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ ва истеҳсолӣ амалӣ гардида, ҳадафи чаҳорум, яъне саноатикунонии бусуръати кишвар бо бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ дар раванди татбиқшавӣ қарор дорад.

Дар маҷмўъ, дар тамоми соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бо қабул ва амалишавии ҳазорҳо қарор, барномаю стратегияҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешравиҳои назаррас дида шуда, ҳуқуқу озодӣ, ободию пешрафт ва кафолат ба тамоми қишри ҷомеаи шаҳрвандӣ раво дида шуда, бо бунёд гардидани иншоотҳои гуногун, аз қабили биноҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна, томактабӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, фарҳангӣ, қомат афрохтани биноҳои боҳашамати баландошёнаи ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў, бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар иншоотҳои маишӣ Тоҷикистони азизи мо боз ҳам ободу зебо гардида истодааст.

Пас, месазад, ки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар бо шукргузорӣ аз фазои сулҳ, ободию озодӣ, ваҳдату ягонагӣ зери ливои парфишон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, ҷиҳати боз ҳам рушд намудани Ватани ба ҷон баробар- Тоҷикистони азизу маҳбуб шиори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикистон, ба пеш!»-ро сармашқи ҳаёт ва фаъолияти худ намуда, барои ободии ин сарзамини биҳиштосо ва куҳанбунёд камари ҳиммат бандад.

Нигора Солиҳова, Аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак