83138 2-40-07

Шукри Исткиқлоли давлат, шукри Ваҳдат мекунам !

Норак: Андеша  

Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри бистум аст.Нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳасти намуда, ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист.

Низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад.

Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммадини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишт .

Истиқлолият барои мо насли ҷавон нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Истиқлолият мисли фонус ояндаро барои мо равшан сохт.

АЗИМОВА М., Аъзои фаъоли ҲХДТ дар  шаҳри Норак