83138 2-40-07

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст

Норак: Андеша  

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Ба тамоми халқи Тоҷикистон ва ҳар фарди худогоҳ зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Истиқлолият барои мо як марҳалаи сифатан наву воқеии таърихӣ талошҳои озодихоҳона, расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.

Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.

Истиқлолият барои миллати тоҷик  нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. Истиқлолият рамзи саодати миллат ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, нишонаи пойдориву бақои он мебошад. Зеро дар дунёи муосир фақат миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

Ҳар гоҳ сухан аз истиқлолияти давлатӣ ё миллӣ меравад, мо бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи асосии талоши ҳар халқ барои озодӣ таъсиси давлати миллӣ ва идораи мустақилонаи корҳои давлатдорӣ аст. Зеро омили ҳастии ҳар як миллат андешаи истиқлол ва бунёди давлати мустақили миллӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем.

Мо мардуми тоҷик бояд ҳамеша аз истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

Кулли фарзандони бонангу номуси халқи Тоҷикистон бо дарки масъулияти ватандорӣ – ҳадафҳои наҷиби созандагӣ ва ободонии Ватани азизамонро минбаъд низ қарзи инсонӣ ва шаҳрвандии худ мешуморанд ва садоқати хешро ба Тоҷикистони ободу соҳибистиқлол бо кору фаъолияти амалии ҳаррӯзаашон собит месозанд.

Истиқлолият, Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздику қарин гардонид. Сиёсати «дарҳои боз» ва густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд обрӯ ва мақоми Тоҷикистонро дар арсаи олам хеле боло бурд.

Муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият  ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ вазифаи давлат ва рисолати ҷонии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳи Тоҷикистон аст.

Вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи мо истиқлолияти давлатамонро мустаҳкам карда, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудан аст. Онҳо бояд шахсони соҳибмаърифат, бофарҳанг, мутамаддин, эҷодкор, номбардори миллати қадима ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гарданд.

 Зоирзода Савзалӣ - Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак