83138 2-40-07

Истиқлолият барои мо насли ҷавон нишони барҷастаи пойдории давлат ва бақои миллат аст

Норак: Андеша  

Ба тамоми халқи Тоҷикистон, махсусан ҷавонони бо нангу номуси миллат ва ҳар фарди худогоҳ зарур аст, ки ба қадри соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ, сулҳу субот ва оромии ҷомеа расида, онҳоро ҳамчун неъмати бебаҳо қадршиносӣ кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ҳамеша барои ҳифзи манфиатҳои олии миллат ва давлат азму талош намоянд.

Миллати тамадунофари тоҷик бахусус ҷавонони ватандӯсту фарзандони шуҷои Ватан ба шарофати истиқлолият ғояи таҳкими Ваҳдати миллӣ, таъмини сулҳу субот ва тарғиби худогоҳиву худшиносиро ба пояи сиёсати давлатӣ бардоштаанд ва ин роҳро идома хоҳанд дод.

Истиқлолият барои мо насли ҷавон нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо тоҷикон махсусан насли ҷавон дастовард ва неъмати муқаддастарин аст ва мо ҷавонон онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддас медонем.

Мо ҷавонон бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем.

Таре Сарвари давлат ҳамеша зимни суханрониҳои худ таъкид менамоянд: Озодӣ ва истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд.

Пас ҳар як ҷавони тоҷикро зарур аст ба қадри ин неъмати бебаҳо ва дастоварди бузурги миллат расида, ҳамеша барои ҳимояи он омода бошанд ва барои побарҷо нигоҳ доштани сутунҳои истиқлолият ҳамеша талош намоянд.

Фирдавс Ғафурзода, аъзои фаъоли ҲХДТ дар  шаҳри Норак