83138 2-40-07

Шукри Истиқлоли кишвар

Норак: Андеша  

Истиқлол шаъну шараф, сари болои миллат аст. Ҳар халқу миллат пеш аз ҳама дар заминаи истиқлолу соҳибдавлатиаш рушд меёбад, мавқеи устувор месозад, шинохта ва эътироф мегардад. Ба истиқлоли давлатӣ расидан бузургтарин комёбии халқи тоҷик дар охири асри бист буд, ки онро аслан садсолаҳо боз ин халқи куҳанбунёд ва ваҳдатшиору тамаддунпарвар орзу дошт. Даврони истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу фардои миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорӣ мебошад.

Мардуми шарафманди Тоҷикистон тавассути бунёдкорию созандагиҳо ба ифтихори ҷашни бузурги миллиамон, Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ исбот намуданд, ки Тоҷикистон истиқлоли поянда дорад ва тамоми сокинони он пайваста баҳри устуворсозии пояҳои давлати соҳибихтиёри худ ҷидду ҷаҳд менамоянд. Ҳар як соли истиқлоли давлатии мо аз лиҳози масъулияти таърихӣ ва ҳам аз рӯйи мушкилоте, ки бар сари халқамон омад, ба даҳсолаҳо баробар мебошад. Дастоварди бузургтарин дар замони Истиқлоли давлатӣ сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба халқи мо ин неъмати зиндагибахш бо баҳои бисёр гарон ва заҳмати ниҳоят зиёд муяссар гардидааст. Бинобар ин вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар ва қарзи инсони ҳар яки мост, ки ин неъмати бузургро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намуда, шукрона намоем, ки дар давлати амну осоиш умр ба сар бурдан насибамон гаштааст.

Сафарзода Аслия, Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак