83138 2-40-07

ИСТИҚЛОЛ – ОРМОНИ ҲАЗОРСОЛАИ АҶДОДИ ТОҶИКОН

Норак: Андеша  

Имрӯз мо дар остонаи бузургтарин ҷашни миллию давлатии худ қарор дорем ва фардо, 9-уми сентябр рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ин ҷашн рӯзи амалӣ шудани ормони ҳазорсолаи миллати тамаддунофари тоҷик, рӯзи таъсиси давлати миллии мустақили мо – Тоҷикистони азиз мебошад.

Калимаи “истиқлол” дар арабӣ ба маънои “баланд кардан, афроштан, дорои амри хеш будан” ва дар забони муосири тоҷикӣ маънои “ихтиёр ва озодӣ, иродаи сиёсии ҷамъӣ барои идораи кишвар”-ро доро мебошад.

Чист Истиқлол? Иззат доштан,

Бар диёри худ муҳаббат доштан.

Шоири нуктасанҷ хеле дуруст фармудааст, ки Истиқлол аз иззату эҳтирому озодии шахсӣ ва азизу гиромӣ доштани диёри худ ва меҳру муҳаббат доштан ба он оғоз мегардад.

Агар шаҳрванд диёри худро азизу гиромӣ надорад ва ба он муҳаббат надошта бошад, Истиқлол барои ӯ маънӣ надорад. Ба даст овардани Истиқлолу ҳифзи он низ аз меҳру муҳаббат ба Ватан оғоз мегардад.

32 соли пеш ҳеҷ касе бовар надошт, ки миллати азиятдидаи тоҷик ба чунин рӯзҳои нек мерасад. Имрӯз ҷои садои гиряи модаронро хандаҳои дилпазири фарзандони мову шумо гирифтаанд. Ҷои вайронаву харобазорҳои кишварро гулгашту хиёбонҳо ва биноҳои зебову дилрабо гирифтанд.

Шоистаи шукргузорист, ки миллати куҳанбунёди мо аз соҳибистиқлолӣ сухан мегӯяд, тақдири худро ба дасти худ месозад.

Бале, истиқлоли давлатӣ ва дубора соҳибдавлат шудани ин миллати куҳанбунёд орзӯи ҳазорсолаи ҳар фарди тоҷик ва хоса фарзандони огоҳу бузурги он буд.

Ин ормон ормони Бармакиёну Тоҳириёну Саффориёну Сомониён буд, ки ғурури миллӣ, забони миллӣ ва давлати миллиро дубора эҳё карданд.

Ин ормон ормони Рӯдакиву Фирдавсӣ буд, ки бо назми ҷаҳонгир истиқлолу ватандориро суруданд ва дар рӯҳи ин миллат дамиданд.

Ин ормон ормони Абуалии Синову Хоҷа Камоли Хуҷандӣ буд, ки дар оворагиву ғурбат бо нидои “во ғарибӣ, во ғариб!” даргузаштанд.

Ин ормон ормони Темурмалику Восеъ буд, ки истисмору вобатагиро напазируфтанд ва бар зидди ҳукуматҳои аҷнабӣ бархостанд ва бо сари баланд шаҳид гаштанд.

Ин ормон ормони Нусратулло Махсуму Шириншоҳ Шотемур буд, ки ба хотири барқарории давлати миллии тоҷикон кушта шуданд.

Ин ормон ормони Устод Садриддин Айниву Аллома Бобоҷон Ғафуру Устод Мирзо Турсунзода буд, ки то дами марг миллату давлати милливу истиқлол гуфтанду онро нодида рафтанд...

Бале, ҳамин гуна насл андар насли ин миллат дар роҳи истиқлол шаҳид шуд, дар роҳи ватандорӣ ҷон дод, ба хотири давлати миллӣ қурбонӣ гашт.

Пас насли мо чи қадар хушбахт аст, ки истиқлолро дид, давлати миллиро дид, худсолории давлатии тоҷиконро дид!

Пас вазифаи ҳар як тоҷики имрӯз ҳамин аст, ки ба поси хуни рехтаву ҷони супурдаи фарзандони қаҳрамони миллат, ба ёди насл андар насл шаҳидони роҳи истиқлолу озодӣ ин ёдгории азизи рафтагони худ, ин давлати миллиро пос дорем, онро дигар ҳаргиз аз даст надиҳем.

Ҳарчанд Истиқлоли давлатӣ дарвозаҳои саодатро ба рӯи мо боз кард ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ сохт, таърих фаромӯш нахоҳад кард, ки ҷойгоҳи шоистаи имрӯзи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ ва зиндагии пурнишоти мардуми тоҷик ҳосили талошҳои бардавому хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Бо зикри мафҳуми волои “Истиқлол” беихтиёр даврони пурошӯби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ пеши назар меояд. Он солҳо бо дасисаи саркардагону пайравони ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломӣ пояҳои давлати соҳибистиқлол зарба хӯрданд, аркони давлатдорӣ фалаҷ шуда, мардум сарсону овора гардид. Дар чунин вазъияти сангин Пешвои муаззами миллат мардумро аз парокандагӣ ва давлатро аз завол наҷот бахшиданд. Яъне, моро аз масири нобудӣ раҳо бахшида, ба қаламрави саодат раҳнамун сохтанд.

Халқи шарафманди тоҷик айни ҳол 32-солагии Истиқлоли давлатиро ҷашн мегирад, ки номи Тоҷикистон ба туфайли ташаббусҳои байналмилалии Сарвари башардӯсташ дар минбарҳои бонуфузу маҳфилҳои гуногуни ҷаҳонӣ садо медиҳад ва аз эҳтироми ҷомеаи байналмилалӣ бархӯрдор мебошад.

Воқеан чӣ гуна метавон ифтихор накард, вақте Худованд дар радифи ҳамагӣ 8-10 дарсади халқу миллатҳои пойдори ҷаҳон ба мо тоҷикон низ неъмати соҳибистиқлолиро арзонӣ доштааст.

Ҳоло дар ҷаҳон ҳудуди 2500 халқияте ҳаст, ки забони алоҳидаи худро доранду бо он ҳарф мезананд. Аммо дар ҳоли ҳозир, дар дунё ҳамагӣ 200 давлати мустақил мавҷуд аст ва на ҳамаи онҳо давлатҳои миллӣ мебошад.

Мо яке аз хушбахттарин миллатҳои соҳибдавлати оламем. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Мо мардуми Тоҷикистон имрӯз соҳиби давлати мустақили худ ҳастем. Зеро маҳз доштани давлати миллии мустақил боис мешавад, ки мо сарнавишти худамонро худамон муайян кунем, дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ кунем, фарҳанги худро ҳифз кунем, бо забони худ озодона гап занем, дар кӯчаҳои худ бо зану фарзандамон озодона қадам занем.

Дастовардҳои замони Истиқлолро ҳар як соҳибватан дар шахсияти худ, дар муҳити хонаводаи худ, дар маҳалли зист, дар чеҳраи атрофиён, дар табассуми кӯдакон ва дар озодиву соҳибихтиёрии аҳли ҷомеа эҳсос менамояд.

Вақте сухан дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ меравад, бешак пеши назари ҳар яки мо симои Пешвои муаззами миллат намудор мегардад. Чеҳраи роҳбаре, ки барои расидан ба чунин рӯзҳои нек омода буд, ки ҷони худро нисор кунад.

Ҳамаи ин суханҳо танҳо як ҳадафро пайгирӣ менамоянд яъне зиндагии осудаву хушбахтона дар Ватани амну ободе бо номи Тоҷикистони азиз. Агар мо масъулияти ватандории худро, ки бешак масъулияти имонӣ ҳам ҳаст, эҳсос кунем ва ҳар кори аз дастамон меомадаро барои ҳифзи ҳамин сулҳу осоиштагӣ сафарбар намоем, Худо хоҳад хеҷ хатаре ба амнияти мо, миллати мо ва Ватани азизи мо таҳдид нахоҳад дошт.

Мехоҳам он нуқтаро таъкид созам, ки истиқлоли давлатӣ - шаъну шарафи ҳар як шаҳрванд аст.

Дар дунё миллати тоҷикро бо номи Тоҷикистон мешиносанд. Маҳз ба хотири миллатҳо дар дунё давлатҳо, кишварҳо муаррифӣ мегарданд.

Мо тоҷикон соҳиби давлати мустақил ҳастем, аз ин лиҳоз ҳифз ва ҳимояи Тоҷикистони азиз ва манфиатҳои миллӣ қарзи шаҳрвандии мо мебошад.

Бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатӣ самимона муборакбод мегӯям.

Раҳимзода Диловар, аъзои ҲХДТ дар шаҳри Норак