83138 2-40-07

Ба истиқболи 32-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Норак: Андеша  

Истиқлолияти давлатию сиёсӣ барои ҳар як мамлакат манфиати ҳаётан муҳим ба шумор рафта, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои миллӣ аз он вобастагии калон доранд. Чунин ҳолат ҳам вазъияти дохилии мамлакат ва ҳам хориҷии онро фаро мегирад. Дар дохили мамлакат пойдор нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ, бо суръати баланд ба роҳ мондани ободонию созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат, марҳила ба марҳила беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таҳким бахшидан ба раванди миллатсозию давлатдорӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва муаррифии онҳо дар арсаи байналхалқӣ, ташаккули забони бою пурғановати тоҷикӣ ва монанди инҳо барин арзишҳо маҳз бо шарофати истиқлолияти том имконпазир мегарданд. Гузашта аз ин, мақом ва манзалати давлат дар арсаи байналхалқӣ ва имиҷи байналхалқии он низ аз қудрати истиқлолият ва дар кадом сатҳ қарор доштани он вобастагии калон дорад. Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.

Ҳамаи дастовардҳои ин давра аз саъю талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста буда, дар партави сиёсати оқилонаю хирадмандонаи ин марди саҳнаи сиёсат, миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфта, ба ҳаёти орому осоишта ва рушду инкишофи соҳаҳои гуногун ноил гардиданд. Тоҷикон яке аз миллат ва халқиятҳои соҳибтамаддуни дорои таърих ва фарҳанги куҳан маҳсуб меёбанд, ки инро илми таърих ва сарчашмаҳои таърихӣ исбот намудаанд. Ман ҳамчун як нафар шаҳрванди ин сарзамин, ин давлати соҳибмаърифат ва соҳибмулк, ин давлати тоҷдору номдори дунё аз он мефахрам, ки тоҷикаму дар ин давлати тинҷу ором зиндагӣ намуда истодаам. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки миллати мо, давлати мо, Ватани мо боз ҳам ба натиҷаҳои зиёдтар ноил мегардаду дар арсаи ҷаҳонӣ ҷойҳои баландтарро ишғол менамояд.

Ш. Ғуломов, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11-и шаҳри Норак