83138 2-40-07

ШАНБЕГИҲО БАҲРИ ОБОДКОРӢ ВА ЗЕБОГАРДОНӢ

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 21 апрели соли ҷорӣ баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дӯкони” шанбегӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии ободониву тамизкорӣ аъзоҳои фаъоли ҲХДТ фаъолона ширкат  варзида, ҷӯйборҳоро аз партовҳо, алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуда, гирду атрофи бинои гармхонаро рӯбучин карданд.

Бояд қайд намоем, ки иштирокдорони шанбегӣ омода ҳастанд ҳар ҳафта дар корҳои ободонӣ баҳри гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзанда гузоранд.