83138 2-40-07

Китоб дӯсти инсон аст

Норак: Андеша  

Китоб беҳтарин дӯст, нишондиҳандаи ҳаёти осоиштаву мададгори инсон аст. Китоб манбаи ягонаи пайдоиши илму дониш ва фазлу эҳсони инсони комил ба шумор меравад. Агар инсон як умр ба мутолиаву омӯзиши он машғул бошад, чизеро талаф намедиҳад. Китоб ба инсон беҳтарин розҳо, маълумотҳоро ҳадя месозад. Китоб беҳтарин ёвар ва маслиҳатгар буда, ҳаёту зиндагӣ, кору фаъолият ва донишу масъалаҳои нав ба навро меомӯзонад.

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Мутолиаи китоб касро бо беҳтарин олами пурасрор, ки ҷаҳонро равшанӣ мебахшад, огаҳ месозад. Шахсе, ки пайваста дар мутолиаи китоб мекӯшад, дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои он ҳар лаҳзаи инсонро тавон мебахшад. Шахсе, ки ҳамеша дар мутолиа аст, қуллаҳои баланду сазоворро соҳиб аст.

Лек заковату ақли бузург бе мутолиаи китоб ва омӯхтани беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба даст намеояд. Машҳуртарин мураббии ҳамаи мураббиёни олам, маъхази бузурги илм китоб аст. Китоб дар ҳаёт чун омӯзгори ҳақиқии инсонҳо буда, армуғони бузургеро мемонад.

Дар ҳаёт тамоми бузургони олам чун Арасту, Афлотун, Хайём, Саноӣ, Рӯдакӣ, Саъдӣ баринҳо маҳз тавассути мутолиаи ин маъхази бузург ба ҷое расидаанд. Онҳо аз рӯи мақоли бузург - «Зи гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй» - амал кардаанд.

Хулоса, китоб сармояи хирад, сарвати бебаҳоест, ки инсонро бо ростию росткорӣ, хирадмандию мардонагӣ ва матонату бузургӣ ҳидоят мекунад.

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар  ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза ба ӯ зи гӯшаи танҳоӣ,

Сад  роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ба таъбири халқ: «Хонаи бекитоб рӯзи беофтоб» аст. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яъне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.  «Ганҷ магир – китоб бигир» – мегӯянд. Ганч агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб  як умр чун ёри бовафо ва беозор мемонад.

Абдукаримзода Меҳрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак