83138 2-40-07

ФАРЗАНДИ НАҒЗ БОҒИ ПАДАР

Норак: Андеша  

Падару модар мехоҳанд ҳамавақт дар лаби фарзанди худ хушҳолӣ ва ҳаёти осоиштаро бубинад. Аммо мутаассифона баъзе фарзандон ба қадри ин ҳама заҳматҳои падару модар намерасанд. Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад, падару модар дар он савоб шарик бошанд - гуфтаанд бузургон. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун”.

Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд. Вазифаи падару модар муҳайё намудани шароити мусоид барои инкишофи мӯътадили ҷисмонӣ ва руҳии фарзанд, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва пеш аз ҳама масъулият барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба тамоми амалҳои ношоистае, ки фарзандонашон метавонанд аз беаҳмиятии онҳо содир намоянд. Беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанд азиз, одобаш аз он азизтар. Маҳз дар натиҷаи ба воя расонидани фарзандони солимақл ва бедордил маънии зиндагии мо аён мегардад.

Барои ба ин ҳадафҳо ноил шудан падару модарон мебояд назоратро аз болои фаъолияту кирдорҳои фарзандон ҷиддӣ ба роҳ монанд. Чунки ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондан кӯдак метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад ва то ҳатто ояндаи худро зери хатар гузорад. Фарзандон беҳтарин воситаи бақои оила ва сарчашмаи асосии хушбахтии мо мебошанд. Аз ин сабаб, барои тарбияи дурусти онҳо муҳити боварӣ ва эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овардан зарур аст. 

Ҳар як падару модарро зарур аст, ки ин вазифаи ҷонӣ ва қарзи шаҳрвандиро хуб дарк намуда, фарзандони худро бо роҳи дуруст, анҷоми амалҳои тақдирсоз, омӯзиши илму ҳунар ва азхуднамоии техникаву технологияҳои муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватани азизамон - Тоҷикистон, ҳидоят кунанд ва тавонанд, ки дар оянда аз фарзандони содиқу номбардори миллати худ ифтихор намоянд.

Мусулмонзода Сабрина, мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак