83138 2-40-07

Мафҳуми ҷиноят ва аломатҳои таркиби он

Норак: Андеша  

Ҷиноят ин кирдори (ҳаракат ё беҳаракатӣ) содиршудаи гунаҳгоронаи барои ҷамъият хавфнокест, ки Кодекси ҷиноятии ҶТ бо таҳдиди татбиқи ҷазо онро манъ кардааст. Ҷиноят мисли дигар ҳуқуқвайронкунӣ – рафтори зиддиҳуқуқӣ аст, яъне муқобили қонун равона гашта, дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқӣ вайрон мешаванд. Кирдори ҷиноӣ дар шакли ҳаракат ё беҳаракатӣ содир мегардад. Ҳаракат – рафтори зиддиҳуқуқии фаъолона буда, беҳаракатӣ бошад, дар шакли ғайрифаъолона амалӣ мегардад. Он дар содир накардани ҳаракати фаъолонае, ки шахс мебоист ва метавонист содир кунад, ифода мегардад. Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ашхоси алоҳида барои иҷро кардани як қатор амалҳо вазифадоранд, ки дар сурати иҷро накардан беҳаракатии онҳо ҳамчун ҷиноят эътироф мешавад. Ба монанди, аз ҷониби духтур ба бемор ёрии таъҷилии тиббӣ расонида намешавад ва ё корманди милитсия шаҳрвандро аз ҷинояткор муҳофизат намекунад.

Хавфнокии ҷамъиятӣ – ин нишонаи ҷиноят дар он ифода мегардад, ки дар натиҷаи содир кардани кирдори барои ҷамъият хавфнок ба шахсият, ҷамъият ва давлат зарари ҷиддӣ расонида мешавад ё таҳдиди расонидани чунин зарар ҷой дорад.

Лоиқи ҷазо будани кирдор чунин маъно дорад, ки кирдор он гоҳ ҷиноят эътироф карда мешавад, ки агар барои он дар кодекси ҷиноятӣ ҷазо пешбинӣ шуда бошад. Асоси ҷавобгарии ҷиноятӣ содир намудани кирдоре мебошад, ки дорои тамоми аломатҳои таркиби ҷинояти дар кодекси ҷиноятӣ пешбинигардида аст.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ – чораи маҷбурсозии давлатӣ буда, истифодаи ҷазоҳои ҷиноятӣ ва дигар чораҳои дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноиро нисбати ашхоси дар содиршавии ҷиноят гунаҳгор дар назар дорад. Шахсе, ки дар вақти содир намудани ҷиноят ба синни чордаҳсолагӣ расидааст, барои содир намудани ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад: одамкушӣ, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ, одамрабоӣ, таҷовуз ба номус, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, муносибатҳои ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, дуздӣ, ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва як қатор дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин.

Мусулмонзода Сабрина, мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак