83138 2-40-07

Мактаби модарӣ

Норак: Андеша  

 Дар дафтари муаллиму омӯзгор нест

 Он тарбият, ки зодаи домони модар аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон донистани қадру қимати модар ва эҳтироми занро рисолат ва қарзи ҳар як инсон дониста, гуфтаанд, ки “мардон дар сурати ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри азобу ранҷ ва шири поку ҷонбахши модарон, дилсӯзиву ғамхории бедареғи  занону духтарон арҷи шоиставу сазовор гузоранд”

Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки чароғи хонадон, идомдиҳандаи насли одамӣ, тарбияткунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин, нигоҳдорандаи забони поки модарӣ, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.  Дар ҳақиқат зан-модар аввалин устоди худшиносӣ истиқлохоҳиву ватандорист. Вай ҳидоятгари инсон ба ҳаёти мустақил, озодию андешаи афкор ва таҳрикдиҳандаи  ҷомеа ба сулҳу осоиш аст.

Барҷастатарин рисолати модарон ба воя расонидани насли солиму солеҳ мебошад. З-ин лиҳоз навиштаи бузургворе ба хотир меояд, ки гуфта буд. “Агар мард бесавод монад, ин фоҷиаи танҳо худи ӯст, вале агар зан бесавод монад, ин фоҷиаи тамоми миллат мебошад.”

Далели бебаҳо аст, ки модар идомабахши зиндагӣ, такягоҳу раҳнамо ва бахшандаву раҳкушост. Дар ҳама ҳолат ба қалби саршор аз муҳаббат фарзандро бо ҳама хислатҳояш дӯст медорад, мепазирад. Ҳар як фарзанди хирадманду солеҳ дар зиндагӣ як боргоҳи ибодат дорад, ки он мактаби зиндагии модар мебошад. Маҳз мактаби модарӣ метавонад, ки дар замири кӯдак меҳру муҳаббат ва шавқу завқро нисбат ба хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, меҳнатдӯстӣ, муоширати хуб, дӯст доштани ватану модар, бонангу номус буданро тарбия намуда, дар камолёбии онҳо нақши мусбат дошта бошад.

Беҳуда нагуфтаанд, ки фарзанд мисли замин пок аст. Ҳар тухмеро, ки дар он киштӣ, аз он мерӯяд. Агар тухми некӣ киштӣ, ба саодат хоҳӣ расид ва агар тухми бадӣ коштӣ, умре дар азоб хоҳӣ монд.

Бисёре аз суханварони гузаштаи мо дар хусуси тарбияи фарзанд асарҳо навишта, ба ояндагон мерос гузоштанд. “Қобуснома”-и  Унсурулмаолии Кайковус, “Баҳористон”-и Абдураҳмони Ҷомӣ, “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдии Шерозӣ аз ҷумлаи асарҳои арзишманде ҳастанд, ки дар ҳама давру замон барои тарбияи фарзанд саҳми босазо доранд.

Сарвари давлатамон, ки ба масъалаи таълиму тарбия диққати аввалиндараҷа медиҳанд, дар ин хусус чунин таъкид доранд: “Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём модари тоҷик ба тарбияи фарзанд аҳамияти хоса зоҳир намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишомӯзию маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида доштан ва бо нангу номус ба воя расонидани фарзанди худ ҳамеша кӯшиш мекард”.

Дар ҳақиқат модари тоҷик тули қарнҳо фарзандони фарзонаеро ба монанди Саъдиву Ҳофиз, Синову Фирдавсӣ, Хайёму Балхӣ, Айниву Бобоҷон Ғафуров  ва бисёр дигарҳо ба дунё оварда,ба камол расонидааст, ки онҳо барои ҳифзи фарҳангу забон  ва таърихи миллати тоҷик хидматҳои шоиста намудаанд.

Воқеан ҳам то имрӯз инсоният барои эҳтирому муҳаббат ба модар, мавқеи ӯ дар дилу дида вожаи аслиро пайдо накардааст, зеро ҳар чӣ мегӯем камтар аз он аст, ки Модар арзиш дорад.  Устод Халилулоҳ Халилӣ дар ин маврид мефармоянд

Одамиро гар Худо орад нахуст,

Одамиятро кунад модар дуруст.

Модари фархунда шогирди Худост,

Устоди дарсҳои кибриёст.

Сафарзода Аслия, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Норак