83138 2-40-07

ТЕРРОРИЗМ ХАТАРУ ДАҲШАТ БА БОР МЕОВАРАД

Норак: Андеша  

Тероризму экстремизм -  ин зуҳуроти номатлуб дар замони муосир хатари ҷиддие барои инсоният пеш овардааст, ки аксарияти кишварҳои ҷаҳонро фарогир аст. Терроризм дар ҷомеа таърихи хеле тӯлонӣ дорад ва олимону сиёсатмадорон вобаста ба он таҳлилҳои гуногун  доранд, ки дар маҷмӯъ ҳама онро маҳкум менамоянд.

Президенти кишвар гаштаю баргашта таъкиду роҳнамоиҳо менамоянд, ки ба воситаи зӯроварӣ, ҷанг ва фишороварӣ ягон масъала ҳалли худро ёфта наметавонад ва  вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон аз ҳамаи мақомотҳои қудратӣ тақозо дорад, ки дар ҳама вақту замон барои
пешгирӣ
аз ҳама гуна ҳолатҳо омода бошанд.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар бояд диққати асосиро ба касбият ва омодабошии ҳайати шахсӣ равона карда, ҳама вақт дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир тайёр бошанд. Барои ташвиқу тарғиби пешгирии терроризму экстремизм, Интернетро, ки яке аз омилҳои паҳншавии ин зуҳуроти номатлуб мебошад, таҳти назорати қатъӣ қарор бояд дод. Бар ин асос ташкилотҳои террористӣ технологияҳои иттилоотии замонавиро фаъолона мавриди истифода қарор медиҳанд.

Хусусан ифротгароии динӣ ва бегонапарастию мазҳабгароӣ назар ба дигар омилҳо хавфу хатари зиёдеро ба бор меоранд. Худи мафҳуми «Terror» бештар ҳамеша ба маънои тарс, даҳшат, зӯроварӣ, куштор мавриди истифоа қарор дорад.

Баъзе муҳаққиқон онро ҳамчун аксуламал нисбати абарқудратону кишварҳои мазҳабию динситезон муаррифӣ менамоянд. Вале дар ҳама ҳолат терроризм ва ифротгароии динӣ бояд маҳкум карда шавад, чунки ин зуҳурот ҷинояти мудҳиш ва муқобили пешрафти инсоният ва ҷомеа мебошанд.

Ҳамчунин қочоқи маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм буда, маҳз фурӯши ғайриқонунии он яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризм ба шумор меравад. Дар баробари ин ки маводи мухаддир бархе аз инсонҳоро ба нобудӣ мебарад, афроди дигаре аз дасти ин мавод хонасалоту гирифтор ва нодор гардида, дар бунбастҳои зиндагӣ нотавон мемонанд. Шахси ба ин ҳолатҳо дучорафтида роҳи ҳалли мушкилиҳояшро ҷӯё мешавад ва  ин боис мегардад, ки бо ваъдаи маблағи ночизе ба гуруҳҳои ифротӣ пайвандад.

Терроризмро маҳкум менамоем, нест  бод терроризм!

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасанраиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак