83138 2-40-07

ВАТАН ҲАР ЧИ ГӮЯД, ҲАМОН МЕКУНЕМ...

Норак: Андеша  

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд. Тавре ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”.

Бо талошҳои пайваста кӯшиш намуда истодаем, ки ҷиҳати иштироки фаъолона дар рушду нумӯи кишвари азизамон худро нишон диҳем ва бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории миллӣ дар оянда низ тамоми нерӯи худро барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот сафарбар менамоем

Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯза буда, нахоҳем  гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои Ватани азизро ноором созад.

Бо истифода аз ин дастуру супоришҳо мо ҷавонон бояд баҳри ҳифзи Ватани азизамон – Тоҷикистон кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза барем. Мо ҷавонони озодандеш аз таърихи давлати соҳибистиқлол ва ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош хоҳем кард.

Диққати Пешвои миллат нисбат ба мо, ҷавонон, рӯз аз рӯз зиёд гардида истодааст. Шароитҳои беҳтарин дар ҳар як донишгоҳу донишкадаҳо ва омӯзишгоҳҳову коллеҷҳо фароҳам оварда шудааст. Ва мо имкон дорем, ки дар донишгоҳҳои олии мамлакат ва ё дар хориҷ таҳсили илм намуда, ояндаи худ ва кишварамонро дурахшон созем.

Боев Умедҷон Ҳамзаалиевич, мудири бахши омор ва маҳзани ягонаи электронии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак