83138 2-40-07

ОИЛА - НИҲОДИ МУҚАДДАС

Норак: Андеша  

Дар ниҳоди ҳар нафаре, ки меҳру муҳаббати оила ва фарзандон  барояш аз ҳама волотар  аст,  арзиш ва эҳтироми  аҳли   ҷомеа низ  он ҷо мақоми олӣ дорад. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба устувории оила ва дар ин замина, ба бунёди ҷомеаи солим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Аз таҷрибаҳо бармеояд, ки дар оилае, ки ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн вуҷуд надорад, ба ҷойи оромию хушбахтӣ моҷарою рӯҳафтодагӣ ҳукмфармо гардида, ба устувории оила ва ҳар як узви он, махсусан ба кӯдакон, таъсири манфӣ мерасонад.  Бунёди ҳар як оилаи солим аз  муносибати зану шавҳар вобастагии калон дорад.  Албатта, ҳаёти оилавӣ бе камбудиву мушкилот намешавад ва дар сурати сар задани нофаҳмиҳо метавон мушкилоти ба миён омадаро бо роҳи якдигарфаҳмӣ ҳал кард. Дар ғайри сурат, мушкилот зиёдтару печидатар мешавад, гоҳо боиси ҷудоӣ ва оқибатҳои фоҷиавӣ мегардад.
Таълиму
тарбияи дуруст ба ташаккули инсони комил ва оилаи солим мусоидат намуда, имрӯзу фардои ҷомеаро рӯшан месозад. Дар ҳамин асос, ҳоло  маърифати оиладорӣ, омода  кардани оилаҳои ҷавон  ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумлаи масъалаҳоимуҳими ҷомеа  ба шумор меравад.
Мутаассифона, бо вуҷуди
андешидани тадбирҳои зиёд дар ин самт, ҳанӯз вайроншавии оилаҳо аз байн нарафта, ҳамчун масъалаи нигаронкунанда боқӣ мемонад. Тавре ба мушоҳида мерасад, дар натиҷаи бекоршавии ақди никоҳ  аввалин зарба ба кӯдакон мерасад. Дар натиҷаи чунин иттиффоқи номатлуб онҳо азоби рӯҳиву ҷисмонӣ мекашанд.

Аз тарбияи дурусти оилавӣ дар канор монда, ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротиву террористӣ меафтанд ва дар ниҳоят ба афроди мушкилсози ҷомеа табдил мешаванд. 
Аз ин рӯ, ҳар
фарди ҷомеа ва ниҳодҳои марбутаи давлатро зарур аст, ки дар пешгирии чунин мушкилот масъулият дошта бошанд ва барои пешгирии ин амали воқеан ба мардуми мо хос набуда, дастаҷамъона мубориза  барем.

Абдукаримзода Меҳрона, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак