83138 2-40-07

Ватан такягоҳи боэътимод

Норак: Андеша  

Сарчашмаи ҳамаи хушбахтиҳои  инсоният маҳз аз тинҷиву амонӣ, сарҷамъӣ, ободии кишвар, азму талоши сокинон барои боз ҳам пешрафту шукуфоии он вобастагии калон дорад. Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, пас Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш мекушояд.

Халқи тоҷик дар тӯли таърих аз шумори он миллатҳоест, ки барои марзу буми худ ҳамеша истодагарӣ намуда,  барои ҳар як ваҷаб хоки ин сарзамин  ҷоннисорихои зиёде намудааст. Қаҳрамониҳои Темурмалику Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои болост.

Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки модар дониста, барои боз ҳам гиромидошти ин муқаддасот бо каломи равону пурмазмуни худ чунин ангоштааст:

                   Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

                   Зи шири поку аз пистони модар.

                   Ватан сар мешавад аз он тавора,

                    Ки онро сохтаааст дастони модар.

Дар олам мафҳумхои зиёде  хастанд, ки муқаддас, ягона ва такрорнашавандаанд. Ва маҳз Модар-Ватан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки хокашро аз тахти Сулаймон ва хорашро аз лолаву райҳон хуштар медонанд. Аз ин байти пурмазмун чунин андеша бармеояд. ки Baтан ифтихор, шаъну шараф, ноёбтарин неъмат, сарвати бебаҳост, ки онро ба ҳеҷ ганҷе наметавон иваз намуд.

Имрӯзҳо ки тамоми ҷомеаи ҷахонӣ  ба оромӣ ва сулҳу субот ниёз доранд,  шукуфоии ватан, тинҷиву нигоҳ доштани он ба масъулияти ҳар як сокини он вобастагии калон дорад.  Aгар ватан орому осуда ва дар саросари он cyлҳу субот ҳукмрон бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд ва он ҷое, ки пояҳои маънавиёт ycтувop набошад, акси ин ҳол ба миён хоҳад омад.

Myҳaббати   Ватан барои ҳар фарди бедордилу озодандеш бояд чун гавҳари ноёб қиммат, чун модар азизу гиромӣ ва ҳамеша қавӣ  бошад. Инсон  хамеша бо Baтан   хушбахту бахтиёр аст. Садхо мисолҳоеро овардан мумкин аст, ки маҳз мухаббати ватан ва арзишхои бебаҳои он тавонистаанд, ки дар дили ҳар фард меҳри пурганҷеро чун дӯст доштани он  талкин намоянд.  Мухаббат ба   сарзами  ачдоди  ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш  ва  ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.

Маънии калимаи Ватан дар ашъори шоирон мавқеи хосса дорад. Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволи худ, ки саршори идеяи ватандӯстӣ ва адолатхоҳист, ҳифзи Ватанро аз баҳои ҷон болотар гузошта гуфтааст:

                  Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

                  Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, ватани соҳибистиқлоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хохад гашт. Ҳамагонро зарур аст,  ки пайваста барои боз ҳам рушду нумӯи меҳани азизамон  аз ҳамаи имкониятҳо истифода намуда, барои шукуфоии он талош варзем.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак