83138 2-40-07

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ-ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “СОЛИМИИ ҶОМЕА”

Норак: Ҳисобот  

 

Дар асоси ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар шаҳри Норак  санаи  5 июли соли 2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Солимии чомеа” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ гузаронида шуд.

Дар маҷлиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур  иштирок намуд.    Маҷлисро муовини  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Пирзода Илҳомҷон оғоз намуд.          

Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда, ба роҳбари гирифтани Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 “Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”,  интихоби   раиси ташкилоти ибтидоӣ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ”барои соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

        Дар аввал ҳисоботи муовини  раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда  шунида шуд.

Сипас муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур  оид ба ҳаракати аъзои ҲХДТ, пардохти саривақти ҳаққи узвият, ҳуҷҷатгузорӣ дар ташкилоти ибтидоӣ, дар амал тадбиқ намудани ташаббусҳои ҲХДТ бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани 30- солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.