83138 2-40-07

МАҶЛИСИ ҲИСОБОТӢ - ИНТИХОБОТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ЁСУМАН”

Норак: Ҳисобот  

Санаи 3 июли соли ҷорӣ бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Ёсуман" муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳри Норак  маҷлиси ҳисоботӣ - интихоботӣ баргузор карда шуд.

Маҷлисро раиси  ташкилоти ибтидоии ҳизбии  "Ёсуман" Фарҳоди Холмурод  ҳусни оғоз бахшида,  рӯзномаи маҷлисро иборат аз се масъала муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Ёсуман " Фарҳоди Холмурод оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда" дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Номбурда қайд намуд, ки дар  доираи  гузаронидани  чорабиниҳои  ҳизбӣ  роҳандозии   тарғибу  ташвиқи  ҳадафу  нақшаҳои   оинномавию барномавии  ҳизб, муарррифии  шоистаи дастовардҳои он дар замони  истиқлолият саҳми  ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Ёсуман ”  назарас аст.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баромад намуда, вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд намуд,  ки  Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта шуда, то моҳи декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии " Ёсуман " низ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии ҲХДТ чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шавад.

Дар маҷлиси мазкур дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.