83138 2-40-07

Дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодааст

Норак: Ҳисобот  

Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак   санаи 23 июни соли ҷори  дар ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардида истодааст.

Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Норак  Ҳасанзода  Шаҳло  Ҳасан дар ташкилоти ибтидоии "Шифокорон" баргузор карда шуд.

Маҷлисро  муовини раиси  ташкилоти ибтидоии "Нурафшон" Зуҳуров Маҳмад  ҳусни оғоз бахшида, рӯзномаи маҷлисро иборат аз се масъала муайян намуданд.

Доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис,  муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Нурафшон"  Зуҳуров  Маҳмад  оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2022 то моҳи июни соли 2023 ва вазифаҳо барои давраҳои оянда" дар назди ҳозирин ҳисобот дод. Номбурда қайд намуд, ки дар давраи фаъолияти як солаи ташкилот қариб ҳамаи кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии " Нурафшон" аъзои ҳизб гардида, аъзоёну фаъолони  ташкилоти ибтидоии "Нурафшон" дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангии ҳизбӣ фаъолона иштирок намуданд.

Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак баромад  намуда, вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис қайд намуд,  ки  Қарори Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз 25 майи соли 2023 "Дар бораи омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон" ба роҳбарӣ гирифта шуда, то моҳи декабри соли 2024 дар ташкилоти ибтидоии "Нурафшон" низ бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 - солагии ҲХДТ чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор карда шавад.

Дар маҷлиси мазкур дигар масъалаҳои рӯзнома низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда,  нисбати масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамчунин, раиси Кумита қайд намуд, ки ташкилотҳои ҳизбӣ асоси фаъолияти ҳизб буда, дар якҷояги мо метавонем ба ҳадафҳои барномавию Оинномавии  ҳизб ноил гардем. Ҳамчунин ҳар як узви  ҳизбро мебояд  дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб саҳмгузор бошад.